Бо фармоиши Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » апрели соли 2024
№ 20-Ф тасдиқ шудааст
Дастурамали
мансабии мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб-мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст.
3.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
4.Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-кор карда тавонистан бо компютер.
6.Дар давраи мувақатан ҳозир набудани мутахассисии шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси шуъба вогузор карда мешаванд.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъба
-иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд;
- дастрас намудани мукотиботи электронӣ дар саридора;
-дар таҳияи пешниҳодҳо дар самти фаъолияти шуъба иштирок мекунад;
-ба дархостҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҷавобҳои дахлдор омода мекунад;
-пешбурди электронии воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои шуъба ва назорат аз болои иҷроиши онҳо;
-муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ба шуъба дахлдоштаро баррасӣ менамояд;
-оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз 3 рӯз то гузаронидани баҳодиҳӣ фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод мекунад;
-дар тарғиби хизмати давлатӣ, тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад;
-дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд;
-дигар супоришҳои роҳбариятро иҷро менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси шуъба
-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рўи онҳо иштирок намояд;
-бо тартиби муқараргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш заруриро талаб карда гирад;
-дар вохуриҳо, маҷлисҳо, семинарҳо оид ба кори шуъба иштирок намояд;
-дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэтибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
-шуъбаро дар муносибат ба дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтақавии саридора намояндагӣ кунад;
-мутахассис инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое, ки мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахасссиси шуъба
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботӣ;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Мутахассиси шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобаста кардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ