Замимаи №4
Бо фармоиши сардори
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз “ 1 ” апрели соли 2024
№23-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва молияи
Саридораи геологияи нзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
3.Ишғолнамудаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва молияи саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
Боби 2.Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
5.Мутахассиси шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Боби 3.Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари
шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
- дар тартиб додани нақшаҳои ҷорӣ ва ояндаи меҳнат ва музди меҳнати саридора иштирок менамояд;
- дараҷаи таъсирбахшии шаклҳои истифодашаванда ва усули музди меҳнатро омӯхта, дар асоси он пешниҳоди боз ҳам мукаммал гардонидани усули интихобшударо менамояд;
- лоиҳаи низомномаҳо оид ба мукофотонидани коргарон ва хизматчиёнро кор карда мебарояд;
- дар асоси низомномаҳои амалкунанда миқдори мукофотпулиро муайян намуда, боасос будани пардохтҳои ҳамаи бақияпулиҳо ва иловапулиҳоро муайян менамояд;
- дар асоси сохтори тасдиқшудаи идоравӣ, тарҳи моҳонаи вазифаҳо ва дастурамалҳои амалкунанда, басти вазифаҳоро дида мебарояд;
- баҳисобгири нишондодҳои меҳнатӣ ва музди меҳнат бурда онҳоро ташхис намуда табелро назорат менамояд;
- оид ба риоякунии талаботӣ вазифавӣ, хароҷоти фонди музди меҳнат, дурустии тарифаҳои кор ва коргарон, муайянкунии миқдори моҳонаи вазифаҳо ба дигар гурӯҳи кормандон, риоякунии реҷаи меҳнат ва истироҳат назорат мебарад;
- ҳисоби байни бонкиро аз рӯи ҳамаи пулгузарониҳои ташкилотҳои зертобеъи саридора ба фондҳои марказонидашуда таъмин менамояд;
- воситаҳои пулии воридшударо, арзишҳои молӣ-маводӣ ва воситаҳои асосиро ҳисоб менамояд, дар китоби бухгалтерии ҳисоби оператсияҳои пулӣ ҳаракати ҳисобҳоро, ҳисоби оператсияҳои расчетӣ ва хазинавиро, муқоисаи ҳисобҳои байни ташкилотҳои зертобеъро саривақт сабт менамояд;
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
- маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро омӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- дар ҳамкорӣ бо воҳиди сохтории иттилоотии мақоми давлатӣ тафсирҳои иттилоотӣ ва санадҳои заруриро нашр ва паҳн карда, дар доираи ваколати шӯъба мукотибаи кориро анҷом диҳад;
- бо тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳои зарурӣ кормандони воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи идоракунии мақоми давлатиро дар мувофиқа бо роҳбарони бевоситаи онҳо барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи шуъба гузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намояд;
- санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва иқтисодиро, ки ба ваколатҳои шуъба мансубанд, амалӣ намояд;
- дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъбаи
баҳисобгирӣ ва молия
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизматӣ давлатӣ, оид ба ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати далатӣ” ва “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад оид ба вазъи амволӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои сари вақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби худ;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ