Замимаи №3
Бо фармоиши сардори Саридораи
геологияи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз “ 1” апрели соли 2024
№23-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва молияи
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахасси шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкори ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер;
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи
баҳисобгирӣ ва молия
- дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмиллалӣ ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои қаъри замин иштирок менамояд;
- роҳбарии методикӣ ва мутобиқати фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои зертобеи саридораро дар тартибдиҳии нақшаҳои рушди ояндаи истеҳсолот, тартибдиҳии нақшаҳои молиявӣ, ғайр аз ин чорабиниҳои барои ба зоҳир намудан ва истифодабарии захираҳои дохили истеҳсолотиро ҷорӣ менамояд;
- корҳоро дар самти такмилдиҳии нақшабандии нишондодҳои молиявӣ, дар муҳайё ва мукаммал намудани меъёри хароҷотҳои меҳнатӣ ва истифодабарии қувваи истеҳсолии корхонаҳо мебарад. Роҳбарии методикӣ ва ташкили корҳо дар самти татбиқкунӣ, мукаммалсозӣ ва васеъкунии доираи амали ҳисобу китоби хоҷагидориро ҷорӣ менамояд;
- дурустии ҳуҷҷатҳои тартибдодашудаи молиявӣ ва қабули онро ба роҳ мемонад. Аз болои иҷроиши чорабиниҳои банақшагирифта назорат бурда, гузаронидани ташхиси комплексии молиявии фаъолияти хоҷагидории саридора ва корхонаҳои зертобеъро бар уҳда дорад. Барои дарёфти ҷавоб ба саволҳои молиявии корхонаҳои зертобеъ татқиқотҳо мегузаронад;
- баҳисобгирӣ ва ҷамъи босифату дақиқи нишондодҳои молиявии ташкилотҳои зертобеи саридораро барои ҷамъбасти минбаъда ва пешниҳоднамоӣ ба мақомотҳои дахлдор дар шаклҳои зерин тартиб медиҳад;
- амалан ҳисобот ташкилотҳои зерсохторро назорат менамояд;
- ҳисобу китоби байни зерсохторҳо ва саридораро баробар менамояд;
- барои дар соҳа саривақт гузаронидани инвентаризатсияи солона масъулиятнок буда, ҳисоботи семоҳа ва солона, декларатсияҳои моҳона ва солона оид ба уҳдадориҳои андоз, ҳисоботи омории саридораро барои ба органҳои дахлдор пешниҳод намудан тартиб медиҳад ва тафтиши ҳисобиро барои ҳамаи ҳуҷҷатҳои баланси саридора таъмин менамояд;
- дар сурати набудани сардори шуъба вазифаи ӯро иҷро менамояд.
- дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори саридора ва муовини сардори саридора иҷро менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқҳои сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
- маводҳои дар ихтиёри саридора қарордоштаро омӯзад;
- бо тартиби муқараррагардида дар доираи ваколатҳои худ иттилоот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш заруриро талаб карда гирад;
- оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи геология таклиф пешниҳод намояд;
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба масъалаи молиявӣ дахлдоштаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд;
- санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва молиявиро, ки ба ваколатҳои шуъба мансубанд, амалӣ намояд;
- дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
- барои сари вақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Боби 6. Муқарароти хотимавӣ