Общая информацияНизомномаи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2017, №66 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - шуъба)-ро муайян менамояд.