Общая информацияНизомномаи шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ», қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2021, №29 «Дар бораи Низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти шуъбаи иқтисод ва савдо (минбаъд - шуъба) муайян намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти шуъба ба танзим медарорад.