Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи байналмилалии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” намоиши унсурҳои мероси фарҳангии тоҷиконро дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор намуд.…
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи байналмилалии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” намоиши унсурҳои мероси фарҳангии тоҷиконро дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор намуд. Дар намоиши мазкур ғайр аз намунаҳои унсурҳои фарҳангӣ, шаҳодатномаҳои ЮНЕСКО ва экспонатҳои ёрирасон, бозёфтҳои нодир ба монанди қадимтарин намунаи чакан ба маърази бинандагон гузошт. Қайд кардан ба маврид аст, ки чакани мазкур аз ҷониби бостоншиноси тоҷик А. Муҳиддинов зимни ковишҳои бостоншиносӣ аз Иттифоқи ноҳияи Фархор бозёфт гардида буд. Ин чакан таърихи беш аз 2 ҳазор соларо доро буда, ба замони давлатдории Кушониён рост меояд. Дар намоиши мазкур намояндагони осорхонаҳо, нозирони ёдгориҳо ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок варзиданд.
Дар баробари ин, ҷиҳати таблиғ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба мероси фарҳангӣ ва оммавигардонии “Рӯзи байналмилалии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Мероси таърихию фарҳангӣ-ҷавҳари худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур мутахассисони соҳавӣ, намояндагони МД “Осорхонаи миллӣ”, Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Энисклопедияи милли, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, инчунин, намояндагону донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ маърузаҳои илмӣ ироа гардида, паҳлуҳои мухталифи мероси фарҳанги ғайримодӣ мавридди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва омӯзиши мероси фарҳанги ғайримоддӣ, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китобчаи махсус дар бораи 12 унсури мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомил шудаанд таҳия гардида, ба иштирокчиёни ҳамоиш тӯҳфа гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи қарори дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) аз соли 2024 ин ҷониб санаи 17-уми октябр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” дар саросари олам таҷлил мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад, то соли 2025 ба таври мустақим ва муштарак 12 номгӯи унсурҳои мероси фарҳангиро ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид намудааст, ки он дастоварди бузурги фарҳангӣ ба шумор меравад.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон