Айни замон 15.10.2025 соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» оғоз гардид. Қобили қайд аст, ки Вазорати фарҳанги…
Айни замон 15.10.2025 соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» оғоз гардид.
Қобили қайд аст, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» рӯзҳои 15-16-уми октябри соли 2025 панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ»-ро баргузор менамояд. Дар ин симпозиум олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони мусиқии миллии тоҷикӣ – Фалак иштирок доранд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон