Имрӯз роҳбарият ва кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони корхонаҳои соҳаи энергетика, дар оромгоҳи мемориалии «Лӯчоб»-и шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчанбар ва дастаҳои гул назди…
Имрӯз роҳбарият ва кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони корхонаҳои соҳаи энергетика, дар оромгоҳи мемориалии «Лӯчоб»-и шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчанбар ва дастаҳои гул назди оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд.
Зимни маросим иштирокчиён бо арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди ин фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рӯҳи поки онҳоро гиромӣ доштанд.
Қобили зикр аст, ки мушти хоки ин чеҳраҳои мондагор бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуда, дар оромгоҳи мемориалии «Лӯчоб» ба хок супурда шудааст.
Ин иқдом нишонаи эҳтиром ба таърихи миллат, пос доштани хотираи шахсиятҳои барҷаста ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.