ПРЕСС-РЕЛИЗ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нисомлаи якуми соли 2026
Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои ба зиммадоштааш дар шаш моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Назорати давлатӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ. Дар давраи ҳисоботӣ Агентӣ 1229 муоинаи техникӣ оид ба истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ анҷом дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93 муоина ё 8 фоиз зиёд мебошад.
Пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ. Дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санҷишҳои мустақилонаи Агентӣ дар нимсолаи якуми соли равон 1750 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор гардид.
Ҳаҷми умумии неруи барқи ғайриқонунӣ истифодашуда 21,7 миллион кВт·соатро ташкил дода, зарари расонидашуда ба давлат зиёда аз 24 миллион сомонӣ арзёбӣ гардид.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми неруи барқи ошкоршудаи ғайриқонунӣ истифодашуда 10,9 миллион кВт·соат, маблағи зарар бошад, 14,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Назорати риояи талаботи техникаи бехатарӣ. Бо мақсади таъмини истифодаи бехатари дастгоҳҳои барқӣ аз ҷониби Агентӣ нисбати 2144 нафар масъулони хоҷагии барқи ташкилоту муассисаҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 1,3 миллион сомонӣ тартиб дода шуданд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 284 протокол ва 468 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, вобаста ба 561 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардиданд, қарорҳои дахлдор ба маблағи 222 ҳазор сомонӣ қабул карда шуданд.
Пешгирии изофанависӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Дар натиҷаи санҷишҳои васеъмиқёси Агентӣ дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, изофанависии зиёда аз 122 миллион кВт·соат неруи барқ ба суратҳисоби муштариён ошкор гардид, ки маблағи он зиёда аз 37 миллион сомонӣ мебошад.
Дар доираи ҳамин чорабиниҳо нисбат ба 263 нафар корманди ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Инчунин, дар асоси хулосаҳои Агентӣ нисбати шахсони гунаҳкор зиёда аз 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ.
Кормандони Агентӣ ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, инчунин тарғиби истифодаи сарфакорона ва оқилонаи он тавассути воситаҳои ахбори омма, дар корхонаю муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои доимии фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ мондаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ зиёда аз 110 барномаи телевизионӣ пахш гардида, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ беш аз 38 ҳазор вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд. Илова бар ин, ба аҳолӣ тавассути усули «хона ба хона» иқтибос аз тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин буклетҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ширкати мобилии ҶСП «ТТмобайл» ба зиёда аз 1 млн муштариёни алоқаи мобилӣ паёмакҳо вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии энергияи барқ ирсол карда шудааст.
Коҳиш додани талафоти техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ. Дар натиҷаи фаъолияти мутахассисони Агентӣ, дар 224 корхонаи саноатӣ 904 дастгоҳи ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ насб карда шуд, ки барои паст намудани талафоти техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ мусоидат менамояд.
Баланд бардоштани сатҳи бехатарии техникӣ. Дар давраи ҳисоботӣ, дар 1394 корхона, ташкилот, муассиса ва дастгоҳҳои навпайваст санҷиши электротехникии заминпайвандҳо, озмоиши ойиқи ноқилу кабелҳо ва ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин, сатҳи дониши 3486 нафар масъули хоҷагии барқи истеъмолкунандагон санҷида шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 нафар зиёд мебошад.
Бо мақсади такмили малакаи касбӣ 213 нафар масъули хоҷагии барқи ташкилоту муассисаҳо аз курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ гузашта, сатҳи тахассусии онҳо баланд бардошта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 нафар зиёд мебошад.