Имрӯз дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзуи «Технологияи муосири парвариши интенсивии гандуми тирамоҳӣ ва пахта дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Дар кори семинар…
Имрӯз дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзуи «Технологияи муосири парвариши интенсивии гандуми тирамоҳӣ ва пахта дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Дар кори семинар Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳокимзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону мутахассисони соҳа, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории семинари мазкур баррасии технологияҳои инноватсионии парвариши пахта бо усули кишти зери плёнка, парвариши гандум дар заминҳои обӣ ва лалмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, татбиқи киштгардон, ғизодиҳии дуруст, мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо, инчунин такмили чорабиниҳои агротехникӣ дар шароити тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардид.
Дар доираи қисми амалии семинар иштирокчиён аз қитъаҳои таҷрибавии муассиса, аз ҷумла майдонҳои кишти маҳсар, зағир, гандум, нахӯд, зироатҳои лӯбиёгӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ боздид ба амал оварданд. Зимни боздид Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба зарурати густариши кишти зироатҳои равғандиҳанда, бахусус маҳсар ва зағир, таъкид намуд.
Қайд гардид, ки тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои обии ҷумҳурӣ бояд ҳосилнокии гандум на кам аз 60 сентнер ва ҷав на кам аз 35 сентнер аз ҳар гектар таъмин карда шавад. Таҷрибаҳои Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои пешқадами кишвар нишон медиҳанд, ки навъҳои нави ихтироънамудаи олимони муассиса имкони ба даст овардани ҳосили 60–70 сентнер аз ҳар гектарро дар шароити обӣ фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, иштирокчиён аз қитъаҳои пахтаи кишти анъанавӣ ва пахтаи кишти зери плёнка, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвариш карда мешаванд, инчунин аз техника ва таҷҳизоти муосири ба муассиса воридшуда дидан намуданд.