6 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Бағи Ваҳдати миллӣ»-и вилояти Суғд бо ташаббуси Филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди инноватсионии соҳаи…
6 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Бағи Ваҳдати миллӣ»-и вилояти Суғд бо ташаббуси Филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда шуд.
Дар кори семинар муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Аҳмадзода, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, директори Институти зироаткорӣ Қосим Тоирзода, директори филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ,муовинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, олимон, мутахассисон, кишоварзон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ иштирокдорон бо таҷрибаҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла кишти инноватсионии зироатҳои ғалладонагӣ, кишти пахтаи зери плёнка, технологияҳои обёрии қатрагӣ ва дигар усулҳои пешрафтаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ шинос шуданд.
Дар рафти суханрониҳо масъалаҳои мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рушди селексия ва тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадафи асосии баргузории семинари мазкур рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ, мутобиқ намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, такмили низоми тухмипарварӣ ва таҳкими занҷираи истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Дар доираи чорабинӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаву бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҷмӯи компютерҳо, ноутбукҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ супорида шуданд.