13 майи соли 2026 дар доираи баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ҳамроҳ бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва директори Институти зироаткорӣ Тоирзода Қосим дар назди Боғи дӯстии халқҳо, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шарора, истиқбол намуда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Дар рафти боздид меҳмонон аз зардолузори Боғи дӯстии халқҳо дидан намуда, ба фарҳанги истифодабарии самараноки замин, инчунин кишти байни қаторҳо баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, дар хоҷагии таҷрибавӣ-истеҳсолии «Зироаткорӣ»-и Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҷараёни кишти пунбадона бо усули обёрии зери плёнка, ки тавассути технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст, шинос гардиданд.
Зимни боздид ба кишоварзон ва механизаторон ҷиҳати риояи дурусти агротехникаи кишт, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва ба даст овардани ҳосили баланд тавсияву маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.