Имрӯз барои мо тоҷикон ва тамоми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни ориёӣ Наврӯз мояи ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану зебои табиат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ин дастоварди бузург натиҷаи талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон ва кишварҳои дӯсту бародар мебошад.
Наврӯз имрӯз танҳо як ҷашни миллӣ нест, балки ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфта, аз Чин то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва дигар манотиқи ҷаҳон таҷлил мегардад.
Бо ҳамин руҳияи идона, санаи 21 март дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони Институти зироаткорӣ фаъолона иштирок намуда, дастархони идонаро бо 7 шин ва 7 син ороста, анъанаҳои неки наврӯзиро гиромӣ доштанд.
Наврӯз муборак бод!