Модар сароғози ҳастии башар ва офарандаи идомаи ҳаёти инсоният мебошад. Маҳз бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва иффату маърифат модарону бонувони мо дар ҷомеа мақому манзалати баланд касб намуда, ба ҳар як оила гармӣ ва баракат мебахшанд.
Зан – Модар бо садҳо ранҷу машаққат, вале бо нияти нек ва умеди бузург инсонро ба дунё оварда, ӯро бо меҳру муҳаббат тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Модар нахустин омӯзгори фарзанд буда, дар дили ӯ меҳри илм, инсонгароӣ ва муҳаббати Ватанро ҷой медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.»
Дар ҳақиқат, дили модар саршори меҳру бахшиш аст. Ӯ ҳамеша барои фарзанд ғамхорӣ мекунад, аз хатоҳои ӯ мегузарад ва бо муҳаббати бепоёни худ зиндагии ӯро равшан месозад. Барои падару модар фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт бузургтарин сарват аст, чунон ки барои фарзанд низ доштани падару модар беҳтарин неъмат ба шумор меравад.
Беҳтарин туҳфа барои модар на танҳо гулу гулдаста, балки меҳру эҳтиром, саломатӣ ва хушбахтии фарзанд мебошад. Зеро модар ҳамеша орзу дорад фарзандонаш солим, донишманд ва сарбаланд бошанд.
Имрӯз дар Тоҷикистони азиз модарону бонувон бо ҳисси баланди ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, дар пешрафт ва ободии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Бо камоли эҳтиром ҳамаи модарони меҳрубон, бонувони сарбаланд ва духтарони боғайратро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик мегӯем!
Ба ҳар яки шумо саломатӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоем.
Рӯзи модар муборак!