Варақаи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодааст.Ҷиҳати самарабахш фаъолият намудани бозорҳои мол тибқи «Тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд» ва «Қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор», ки бо фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 марти соли 2018, №27 «а» ва №28 «а» тасдиқ ва дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №922 ва №923 аз 14 ва 28 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, Феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозорҳои моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд таҳия ва бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 7 апрели соли 2025, №24 тасдиқ карда шуд.Тибқи феҳристи болозикр 99 адад субъекти хоҷагидор аз рӯйи истеҳсол, коркард ва воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва аз рӯйи кору хизматрасонӣ ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мавқеи ҳукмфармоидошта ворид карда шудаанд.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таҳти назорат ва танзим қарор дода мешаванд.Дар ин давра, бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳои мазкур, аз ҷумла, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст.Ҳамзамон, аз ҷониби Хадамот 242 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ 30 адад ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ 102 адад ва 110 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ дар дигар соҳаҳо мавриди таҳлил ва ба мувофиқа расонида шудаанд.Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», мониторинги 20 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд.Аксари номгӯйи мазкур ё ин ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки ба болоравии нархи онҳо дар бозори кишвар оварда мерасонад.Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии хархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар як қатор субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 млн сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ маблағи 2,6 млн сомонӣ гузаронида шуд.
Маълумоти мухтасар оид ба бозорҳои мол дар соли 2025 чунин аст.
Бозори воридоти гандум:
Дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2025 ба ҷумҳурӣ 1 278,4 ҳазор тонна гандум ба маблағи 300 953,0 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 235 доллар (25 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2024 коҳиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, воридоти он 220,6 ҳазор тонна ё маблағи 26,4 млн доллар ё 20,85 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин давра бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 78 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 дар ҷумҳурӣ 811,3 ҳазор тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,4 ҳазор тонна ё 7,9 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бозори воридоти орд:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ 51,9 ҳазор тонна орд ба маблағи 16,2 млн доллар бо нархи миёнаи 312 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 16,0 ҳазор тонна ва ё 23,6 фоиз коҳиш ёфтааст
Иштирокчиёни бозори воридоти орд 41 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 субъекти хоҷагидор зиёд мебошад.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Дурахши Осиё” (23,8%), ҶДММ “Сахад” (21,6%), ҶДММ “Таҷ Тур” (19,5%) ва дигар субъектони хоҷагидор (35,0%) ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 693,8 ҳазор тонна орд (ба маблағи 1 906,7 млн сомонӣ) истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 ҳазор тонна ё 3,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бозори воридоти шакар:
Тибқи маълумоти омори гумрукӣ дар давоми соли 2025 ба ҷумҳурӣ 191,0 ҳазор тонна шакар ба маблағи 117,5 млн доллар бо нархи миёнаи 615 доллар (34 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2024 коҳиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар воридоти он ба миқдори 9,7 ҳазор тонна ва ё 4,8 фоиз коҳишёбӣ ба назар мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра бозори воридоти шакар рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 69 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 субъекти хоҷагидор зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ арзиши миёнаи 1 тонна шакари воридотӣ аз Федератсияи Россия 613 доллар, аз Ҷумҳурии Белорусия 974 доллар ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 514 долларро ташкил медиҳад.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Дурахши Осиё” (15,7%), ҶСП “Оби Зулол” (11,0%), ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” (5,3%), ҶДММ “Тавфиқ” (5,1%), ҶДММ “Корвон 2011” (1,6%) ва дигар субъектҳои хоҷагидор (61,3%) ба ҳисоб мераванд.
Бозори воридоти равғани растанӣ:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ иштирокчиёни бозори воридоти равғани растанӣ 105 субъекти хоҷагидорро ташкил дода, аз ҷониби онҳо дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 103,7 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 110,2 млн доллар бо нархи миёнаи 1 063 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 888,9 тонна ё 7,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (11,8%), ҶДММ “Сафо 2013” (10,6%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (10,7%), ҶДММ “Анко Инвест” (5,9%), ҶДММ “Корвон 2011” (5,4%), ҶДММ “Таджеро” (4,2%) ва дигар субъектони хоҷагидор (51,4%) ба ҳисоб мераванд.
Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 85,1% ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 11,7% ба Федератсияи Россия ва 3,2 фоизи боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.
Бозори истеҳсоли тухм:
Дар моҳҳои январ - декабри соли 2025 дар ҷумҳурӣ 1 419,3 млн дона тухм аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ ва аҳолӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153,7 млн дона ё 12,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 ба ҷумҳурӣ 38,2 млн дона тухм аз ҷониби 22 субъекти хоҷагидор ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 млн дона ё 50,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бозори гушти мурғ:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ –декабри соли 2025 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 268,4 тонна гӯшти мурғ ба маблағи 46 046,1 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 3753 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст. Ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 581,0 тонна ё 59,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии гӯшти мурғ воридгардида 64,3% ба Федератсияи Россия, 15,3% ба Ҷумҳурии Украина, 8,3% ба Ҷумҳурии Туркия, 4,7% ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 7,4% ба дигар давлатҳо рост меоянд.
Бозори доруворӣ:
Мувофиқ ба маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 аз хориҷи кишвар 19752,1 тонна маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 99007,8 ҳазор доллари ИМА ё бо арзиши миёнаи 5013 доллари ИМА барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридот 3715,9 тонна ё 19 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории дар моҳҳои январ - декабри соли 2025 воридкардашуда 12568,9 тонна ба маблағи 71518,1 ҳазор доллари ИМА (арзиши миёнаи барои 1 тонна 5690 доллари ИМА) ё 63,3 фоизи ҳаҷми умумии молҳои тиббӣ ва маводи дорувории воридшуда аз давлатҳои хориҷи ва дур 7183,0 тонна ба маблағи 27489,6 ҳазор доллари ИМА (арзиши миёна барои 1 тонна 3827 доллари ИМА) ё 36,3 фоизи ҳаҷми умумии молҳои тиббӣ ва маводи дорувории воридшуда аз давлатҳои хориҷи наздик ворид гардидааст.
Маводи доруворӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 61 давлати хориҷи дуру наздик, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 38,2%, Федератсияи Россия 29,8%, Ҷумҳурии Литва 7,4%, Ҷумҳурии Халқии Хитой 8,9%, Ҷумҳурии Узбекистон 3,3%, Ҷумҳурии Покистон 2,3%, Ҷумҳурии Украина 2,4% ва 54 давлати хориҷи дуру наздик бо ҳиссаи 2,1% ворид карда шудааст.
Бозори сӯзишворӣ:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ба ҷумҳурӣ 1212,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 959,3 млн доллар бо нархи миёнаи 791 доллар ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 162,0 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст.
Аз нишондодҳо бармеояд, ки бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ рақобатпазир буда, ҳолати маҳдудкунӣ ва инҳисорӣ намудан дар ин сегменти бозори молӣ ба мушоҳида намерасад.
Сузишвории дизелӣ:
Аз ҷониби 34 субъекти хоҷагидор дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ба ҷумҳурӣ 628,5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 478,2 млн доллар бо нархи миёнаи 761 доллар ворид намудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 126,1 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳи январ-декабри соли гузашта 18,0 доллар ё ин, ки 2,3 фоиз поён рафтааст.
Бозори бензин:
Воридкунандагони бензин дар моҳҳои январ-декабри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 15 субъекти хоҷагидорро ташкил намуда, онҳо ба ҷумҳурӣ 458,1 ҳазор тонна бензин ба маблағи 357,9 млн доллар бо нархи миёнаи 781 доллар ворид намудаанд, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,3 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он 35,0 доллар ё ин ки 4,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бозори гази моеъ:
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 аз ҷониби 15 субъект ба ҷумҳурӣ 349,9 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 238,8 млн доллар, бо нархи миёнаи 683 доллар барои як тонна ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18,8 ҳазор тонна кам ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст (моҳҳои январ-декабри соли 2024 нархи миёнаи воридотии як тонна гази моеъ 681,0 долларро ташкил менамуд).
Воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 210,3 ҳазор тонна ё 60,1 фоиз аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 139,0 ҳазор тона ё 39,7 фоиз Федератсияи Россия ва 548,0 тонна ё 0,2 фоиз аз Ҷумҳурии Туркманистон мебошад.
Дар воридоти гази моеъ дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ширкатҳои ҶДММ “Темур ойл” бо ҳиссаи 22,3 фоиз, ҶДММ “Аллат” 14,8 фоиз, ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” 10,1 фоиз, ҶДММ “Октан сервис” 7,0 фоиз, ҶДММ “Баҳор” 6,6 фоиз, ҶДММ “Ғайрат-82” 6,4 фоиз, ҶДММ “Каёнуш таъминот” 5,5 фоиз, ҶДММ “Ҳабиб ойл” 5,4 фоиз, ҶДММ “Ирис” 5,1 фоиз, ҶДММ “Мабдаи Нур” 4,9 фоиз ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 11,9 фоиз ширкат варзидаанд.Ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 15-уми марти соли 2025 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ҷаласаи тантанавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур маҷмӯи масъалаҳо вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо баррасӣ ва иқдомоти минбаъда дар самт мавриди муҳокима қарор дода шуд.Дар баробари ин, якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фуруши молу маҳсулот бо донишҷӯён ва кормандон вохӯриҳо доир гардида, доир ба ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.Дар ин давра 70 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодабрии моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Аз рӯи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул карда шудаанд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон