Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ
9 январи соли 2025 бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 11 январ расман муқаррар гардидааст, дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот…
9 январи соли 2025 бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 11 январ расман муқаррар гардидааст, дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Сардори Хадамот муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ оғоз намуда, ҳамаи кормандони мақомотро ба ифтихори ҷашни Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ табрик намуданд.
Ҳамзамон, дар баромади худ Сардори Хадамот иброз намуданд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ яке аз масъалаҳои калидии давлат барои таъмини рақобати солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон ва рушди устувори иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Мақсади асосии сиёсати зиддиинҳисорӣ ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, назорати фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва танзими фаъолияти рекламавӣ мебошад. Татбиқи ин сиёсат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озоди субъектҳои хоҷагидор, баланд бардоштани самаранокии бозор ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Нақши сиёсати зиддиинҳисорӣ махсусан дар ошкор ва рафъи ҳолатҳои сӯиистифода аз мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро чунин амалҳо ба рушди рақобат, соҳибкорӣ ва устувории иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Бо дарназардошти аҳамияти ин соҳа, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои танзими нархҳо ва таъмини рақобати солим тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба зиммаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ вогузор гардида буданд.
Бо мақсади тақвияти сиёсати зиддиинҳисорӣ, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд. Ин ниҳод то соли 2006 фаъолият намуда, баъдан вазифаҳои он байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тақсим карда шуданд.
Дар идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то имрӯз фаъолияти худро самаранок идома дода истодааст.
Айни замон Хадамоти зиддиинҳисорӣ татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи инҳисороти табиӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи реклама»-ро назорат намуда, дар заминаи онҳо як қатор санадҳои зерқонунӣ таҳия ва мавриди амал қарор додааст.
Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мақомоти зиддиинҳисорӣ сол аз сол тақвият ёфта, саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ назаррас мегардад.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро мунтазам тақвият бахшида, айни замон узви фаъоли Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба реклама дар назди Шӯрои мазкур, инчунин Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисорӣ масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ ба нақшаи чорабиниҳои асосии ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ворид карда шуданд. Дар доираи ин ташаббус, нахустин вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбад.
Илова бар ин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти зиддиинҳисории Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба пешбурди сиёсати зиддиинҳисориро ба имзо расонида, дар асоси онҳо ҳамкориҳои судманд ва таҷрибаомӯзии мутақобиларо ба роҳ мондааст.
Дар идомаи чорабинӣ муовини якуми сардори Хадамот Қурбонзода Сафаралӣ ва дигар кормандони собиқадори Хадамот оиди нақши мақомоти зиддиинҳисорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини рақобати солим дар бозор ибрози андеша намуданд.
Дар охир як қатор кормандон барои фаъолияти бисёрсолаи содиқона ва пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда ва назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ, рушди муносибатҳои рақобатпазир, таҳкими асосҳои иқтисоди миллӣ, инчунин иштироки фаъол дар ташкили корҳои ободонию созандагӣ, ба муносибати ҷашни Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.