Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
8 январи соли 2026 таҳти раёсати Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Хадамот оид ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид. Дар…
8 январи соли 2026 таҳти раёсати Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Хадамот оид ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс, инчунин роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаро Сардори Хадамот Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ оғоз намуда, пас аз муайян намудани регламенти ҷаласа суханро барои ироаи ҳисобот ба муовини якуми сардори Хадамот Қурбонзода Сафаралӣ доданд.
Қурбонзода Сафаралӣ дар ҳисоботи муфассали худ оид ба фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар соли 2025 масъалаҳои вобаста ба вазъи бозорҳои молӣ, раванди болоравии нархҳо, аз ҷумла нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, инчунин татбиқи қонунгузории зиддиинҳисориро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамот, роҳбарони раёсатҳои Хадамот дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ ва раёсати Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баромад намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2025 ҳисобот пешниҳод карданд.
Баъди шунидани ҳисоботҳо, роҳбарияти Хадамот ба воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати тақвияти мониторинги вазъи бозорҳо, аз ҷумла назорати доимии нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, махсусан дар арафаи ҷашну идҳо, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолияти минбаъда ба воҳидҳои сохторӣ супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа Сардори Хадамот ҷиҳати пешбурди самараноки сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ барои семоҳаи якуми соли 2026 дар назди воҳидҳои сохторӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.