eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
Форуми байналмилалии «TAJ TECH – 2026» дар Театри миллӣ ба кори худ шурӯъ кард
Home
More
State Institution “National Theatre” of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan
News
Форуми байналмилалии «TAJ TECH – 2026» дар Театри миллӣ ба кори худ шурӯъ кард
29 September 2026
Форуми байналмилалии «TAJ TECH – 2026» дар Театри миллӣ ба кори худ шурӯъ кард
29 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар Театри миллӣ Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» оғоз гардид, ки ташкилкунандаи он Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Форум рӯзҳои 29–30 сентябр…
Previous slide
Next slide
29 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар Театри миллӣ Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» оғоз гардид, ки ташкилкунандаи он Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Форум рӯзҳои 29–30 сентябр баргузор шуда, ба масъалаҳои трансформатсияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия, рушди экосистемаи стартапҳо, инфрасохтори рақамӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи технология бахшида шудааст.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои технологии пешсаф, сармоягузорон, соҳибкорон, олимон ва коршиносон аз кишварҳои гуногун иштирок мекунанд ва таваҷҷуҳи асосӣ ба рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, стартапҳо, сармоягузорӣ ва технологияҳои нав равона шудааст.
Дар доираи форум ширкатҳо ва ташкилотҳои технологӣ маҳсулот ва таҷҳизоти худро муаррифӣ менамоянд, ки бахше аз кори форум мебошад.
Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳи саҳни театр экосистемаи технологӣ ва инноватсионии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.
Самтҳои асосии форум:
- зеҳни сунъӣ ва технологияҳои масъул;
- ҳукумати электронӣ ва хизматрасониҳои рақамии давлатӣ;
- стартапҳо, инноватсия ва сармоягузории венчурӣ;
- тиҷорати электронӣ ва финтех;
- киберамният ва инфрасохтори рақамӣ;
- технологияҳои телекоммуникатсионӣ;
- рушди малакаҳои рақамӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ.
Лозим ба таъкид аст, ки дар Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» беш аз ҳазор нафар, аз ҷумла вазирон, аъзои ҳайатҳои расмӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои пешбари технологӣ аз кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва дигар минтақаҳо иштирок хоҳанд кард.
Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» дар заминаи татбиқи ташаббуси созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030, амал менамояд.
Centralised website of government and municipal services