Тавре, ки ҳамагон медонем, қаблан Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли 218 вазифаи холии ҳайати эҷодӣ-бадеӣ озмун эълон намуда буд. Имрӯз 28-сентябри соли 2026 рӯзи аввали ин озмун дар МД…
Тавре, ки ҳамагон медонем, қаблан Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли 218 вазифаи холии ҳайати эҷодӣ-бадеӣ озмун эълон намуда буд.
Имрӯз 28-сентябри соли 2026 рӯзи аввали ин озмун дар МД “Театри миллӣ” ҷараён дошт. Дар озмун 40 нафар довталаб барои ишғоли вазифаҳои холии ҳайати эҷодӣ-бадеӣ иштирок намуданд. Санҷиши довталабон таҳти роҳбарии Манучеҳр Шарифзода – раиси ҳайати ҳакамон, Миралӣ Достизода – роҳбари мусиқӣ, Елена Тиллоева – роҳбари бадеӣ, Манучеҳр Раҳмонов – роҳбари ҳайати эҷодӣ ва Ҷурабек Умаров – роҳбари ҳайати навозандагони эстрадӣ баргузор гашт.
Дар ҷараёни озмун довталабон дар назди ҳайати ҳакамон маҳорати касбӣ, қобилияти эҷодӣ ва сатҳи омодагии худро нишон доданд. Санҷиши довталабон дар рӯзи аввали озмун беш аз се соат идома ёфт.
Озмун дар рӯзҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт.
Маълумоти муфассал оид ба раванди озмун, иштироки довталабон ва натиҷаҳои он минбаъд дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии Театри миллӣ нашр карда мешавад