Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик заминаи воқеии таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди илму маориф гардид. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар самти рушди кишвар аҳаммияти хосса дорад.
Яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф ба шумор меравад. Зеро ояндаи ҳар ҷомеа ба сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва касбияти насли ҷавон вобастагии мустақим дорад. Дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии кадрҳои соҳибкасб, истифодаи имкониятҳои муосири таълимӣ ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ин замина, Рӯзи дониш танҳо оғози соли нави таҳсил набуда, балки як рӯйдоди муҳими иҷтимоӣ ва маърифатӣ мебошад, ки ҷомеаро ба арзиши дониш, илм, омӯзиш ва тарбияи насли наврасу ҷавон боз ҳам бештар ҳидоят менамояд.
Барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ин масъала аҳаммияти махсус дорад. Зеро маҳз дар чунин муассисаҳо мутахассисони оянда, аз ҷумла омӯзгорони ҷавон, ташаккул меёбанд. Омӯзгори соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонад дар рушди зеҳнии ҷомеа ва тарбияи насли оянда саҳми арзанда гузорад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маорифи кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тақвият дода шуданд. Ин раванд дар заминаи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳои ҷавону соҳибкасб идома дорад.
Ҷанбаи дигари муҳими рушди кишварро сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Ин сафарҳо барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи рушди маҳал аҳаммияти муҳим доранд. Дар доираи сафарҳои кории Пешвои миллат ба минтақаҳои кишвар, бахусус дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, як қатор иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди истифода қарор гирифта, барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва фаъолияти аҳолӣ заминаҳои нав гузошта шуданд.
Аз диди илмӣ-таърихӣ, чунин равандҳо ҷузъи муҳими марҳилаи давлатсозии миллӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро рушди давлат танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Пешрафти воқеии ҷомеа дар рушди маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва омода намудани кадрҳои ҷавони соҳибкасб таҷассум меёбад. Дар ин раванд нақши Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова низ муҳим мебошад. Ҳамчун муассисаи касбии омӯзгорӣ, коллеҷ дар омода намудани мутахассисони ҷавон ва тарбияи насли дорои дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ саҳми худро мегузорад. Омӯзиши таърихи давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, азхуд намудани донишҳои муосир ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ бояд дар маркази фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ қарор дошта бошад.
35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фурсати арзёбии роҳи тайшуда ва андешидан дар бораи масъулияти насли имрӯз дар назди фардои миллат мебошад. Барои аҳли маориф ин масъулият пеш аз ҳама дар тарбияи насли донишманд, худшинос, соҳибкасб ва созанда ифода меёбад.
Имрӯз рушди Тоҷикистон ба насли ҷавоне ниёз дорад, ки ҳам таърихи худро хуб донад ва ҳам ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавоб дода тавонад. Аз ин рӯ, дониш, илм, маърифат ва тарбия на танҳо арзишҳои соҳаи маориф, балки заминаҳои муҳими рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошанд. Рӯзи дониш моро ба оғози марҳилаи нави омӯзиш, ҷустуҷӯи илмӣ ва созандагӣ ҳидоят менамояд. Истиқлолият бошад, барои ҳар яки мо масъулияти бештарро дар назди Ватан, миллат ва наслҳои оянда тақозо мекунад. Бо чунин руҳия метавон дониш омӯхт, касб аз худ кард, ба ҷомеа хизмат намуд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузошт.
Нигина БОБОҚУЛОВА,
мудири шуъбаи умумии Коллеҷи
омӯзгории ба номи Хосият Махсумова