Имрӯз, 17-уми сентябри соли 2026, дар доираи тадбирҳои марбут ба рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мулоқоти кории раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо роҳбарони муассисаҳои коллеҷҳои хусусии тиббӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хусусии тиббӣ, баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни мулоқот таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати соҳаи тандурустӣ омода намудани кадрҳои миёнаи тиббӣ аз муассисаҳои таълимӣ масъулияти ҷиддӣ ва муносибати касбӣ талаб мекунад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хусусии тиббӣ бояд ба сифати омодагии касбии донишҷӯён, сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии онҳо, риояи меъёрҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Зикр гардид, ки рушди муассисаҳои хусусии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари муассисаҳои давлатӣ метавонад барои васеъ намудани имкониятҳои таҳсил, омода намудани мутахассисони ҷавон ва қонеъ намудани талаботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Дар ин замина, фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббӣ бояд дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимии тасдиқгардида ба роҳ монда шавад.
Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои қабули донишҷӯён, ташкили дурусти раванди таълим, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони соҳибтахассус, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо, истифодаи усулҳои муосири таълим, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани заминаи озмоишгоҳию таълимӣ баррасӣ шуданд.
Раиси Кумита ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хусусии тиббӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо Кумита, баланд бардоштани сатҳи масъулияти роҳбарият ва омӯзгорон, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хусусии тиббӣ низ оид ба фаъолияти муассисаҳои худ, дастовардҳо, масъалаҳои мавҷуда ва пешниҳодҳои вобаста ба рушди минбаъдаи низоми таълими касбии тиббӣ маълумот дода, омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ бо Кумита баён карданд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории пайваста миёни Кумита ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хусусӣ барои такмили раванди таълим, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои тиббӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ аҳаммияти муҳим дорад.