Саргузашти пешвоёни одил, сиёсатмадорони маъруф, сулолаи амирон ва хонҳои бузург шаҳодат медиҳад, ки на ҳамаи зимомдорони замон дар тӯли таърих дар баробари хидмат ба халқу миллат, забону фарҳанг ба мақому ҷойгоҳи Пешвои давлат, Пешвои миллат ё Пешвои дин мушарраф шудаанд. Пешво будан танҳо ифтихор, вазифа ва мансаб нест, балки инсони комил, раҳбари хирадманд, дурандеш, сиёсатмадори ҳушманд, ҳомии халқу Ватан, пуштибони дину фарҳанг будан аст.
Пешвои миллат аз худ гузаштан ва дар худ боқӣ мондан, душманшиносу худогоҳ шудан, худсозию худсӯхтан барои миллат, давлат, кишвар ва саодатмандию хушбахтии ҷамъият аст. Аз нигоҳи фалсафаи ислом ҳар киро Худованд иззат, эҳтиром, мақом, фазилат ва ҷойгоҳи арзишманд ато намояд, дигар ягон васвасаи иғвоангез, дасисаи аҳли низоъ ва хушунат наметавонад эҳтиром ва мақоми ӯро осебпазир созад ва баръакс ҳар киро Худои бузург хору гумроҳ намояд, ҷумла ҷаҳон вайро аз гумроҳӣ ва хоршавӣ қудрати наҷот додан надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи нафаронест, ки Худованд ӯро иззату эҳтиром дода, лоиқ ва шоистаи раҳбарӣ гардондааст. Ба ибораи дигар Офаридгор ба дӯши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузург – Пешвоии миллати тоҷикро сазовор дониста, ӯро аз шарри ҳаводис дар паноҳи раҳмати худ ҳифз намудааст.
Тавре таърихи давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад, Пешвои муаззами миллат замоне зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифтанд, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат, забону таърих ва тамомияти арзӣ пеш омада буд. Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. Он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, нооумедӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд. Фирор роҳи зинда мондани қишре аз ҷомеа гардид. Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ва макони амн буд. Киштии давлат ва миллат дар амвоҷи тӯфон бесарнишин боқӣ монда буд.
Афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷони олимон, намояндагони мардумӣ, кормандони давлатӣ, уламои исломӣ сӯиқасд менамуданд. Ҳастию бақои миллат дар зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд. Дар чунин рӯзгори тираву тор ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон ниёз ба Пешвои хирадманд ва инсони шариф дошт, то бори амонат ва масъулияти кишвардориро ба зиммаи хеш бигирад. Маҳз дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои мавҷудияти миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардид.
Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои миллат аз ибтидо чун Офтоби тобон нурафшон буд. Ӯ пуржаҳои низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуд.
СУЛҲЕ, КИ БО ҚИМАТИ ҶОН БА ДАСТ ОМАД
Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо ҷумҳурии тозабунёди моро буҳрони шадиди сиёсӣ фаро гирифт ва кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид. Дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо нафар хонабардӯш, фирорӣ ва кушта шуданд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт. Дар чунин вазъияти муташанниҷ бо амри тақдир ва бахти миллати тоҷик чун тулуи Офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пайдарпай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, роҳбарии давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «...Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард» буд. Ин суханони босадоқату самимият, ки аз ҷониби Сарвари тозаинтихоб садо доданд, тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошид, ба дили мардуми ваҳшатзада неру бахшид. Муаллифи ин суханони умедбахш, ин вориси арзанда ва ганҷинаи бузург, шараф ва ифтихори ҳар яки мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Албатта, бо ҷонбозиву заҳмату талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат ва теъдоде аз фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Ҳарчанд рӯйи раҳи сулҳҷӯёну ваҳдатофарон сангу обу оташ буд, ҳеҷ гуна садде онҳоро монеа нагашт ва, билохира, бо ранҷу талош ганҷи пурқимат – сулҳро тақдими хурду бузурги кишвар гардонданд. Сулҳи бадастомада хуне гашт дар шарёни миллат.
Дарвоқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳи дар қасди ҷони бародари худ камон бадастгирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, партави сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз кард. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири ӯ яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд. Мардуми гуреза аз нав сарҷамъ гашт, бенизомӣ ва камчинии озуқа бартараф шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин қадамҳои худ дар ин вазифаи пурмасъулият ва заҳмати бемисли худ ба қалби миллионҳо одамон роҳ ёфт. Халқи тоҷик дар партави сиёсати дурандешонаи ӯ дар пайи ободии кишвари азизи худ камар баст. Ин дастаҷамъӣ самари хуб овард. Тавре шоҳидем, пешравию рушди ҳар як соҳа бо талошу хиради азалӣ, хислати ободгарӣ, ваҳдату сулҳофарӣ, фитрати худододӣ, халқпарвару меҳандӯстии ӯ намои тозаву нав мегирад. Бо қадамҳои файзхезу файзбори ӯ ҳар як гӯшаву канори диёр ба таври шинохтанашаванда ободу зебо, дилрабову ҷаззоб мегардад, навгониҳои нав ба нав ба вуқуъ меоянд. Аз суҳбатҳои гарму самимӣ, дидори симои мубораку меҳрбори ӯ дили мардум гарм шуда, ба оянда бо умеди нек менигаранд. Ӯст, ки сари ятимону маъюбон, бепарасторонро падарвор сила намуда, дасти пирони барҷомондаро мегирад, дили аз зиндагӣ сардгаштаи онҳоро дубора гарм месозад, ба онҳо неруи нав бахшида, дили решу хунгаштаашонро дармон мебахшад.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Дар асоси муқаррароти моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори рукнҳои давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ буда, ҳамчун кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори мақомоти марказии иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, ҳамзамон, вазифаҳои онҳоро дақиқан муқаррар менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳдид ба ин арзишҳои конститутсионӣ тамоми тадбирҳо ва имкониятҳои сиёсиву ҳуқуқиро меандешад, то ки кафолати онҳо таъмин карда шаванд.
Дар асл таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳилҳои мурод расонад.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МУАРРИФГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар қонунгузории худ ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи умумибашариро ҷой дода, дар заминаи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ рушд карда истодааст. Бо назардошти чунин воқеият, кишвари мо ба хотири таҳкими ҷомеаи демократӣ, озод, ҳуқуқбунёд ва рушдкарда бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад. Натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат буд, ки имрӯз истиқлоли мамлакати моро 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, Тоҷикистон бо 181 кишвар робитаҳои дипломатиро барқарор намудааст. Дар баробари ин, бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ истиқлоли моро эътироф кардаанд ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо мебошад.
Ҳоло Тоҷикистон узви 57 созмони минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, барои тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои таркибии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ шароит фароҳам овард. Тоҷикистон бо СММ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мушкилоти вобаста ба обу иқлим, таъмини рушди устувор ва ғайра, ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки робита бо чунин созмонҳо дар таҳким ва рушди Истиқлоли давлатӣ нақши муаассир гузошт. Илова бар ин, мамлакати мо бо дигар созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун роҳандозӣ намудааст.
Албатта, ин аз ташаббускории Пешвои миллат ва рӯз ба рӯз тақвият ёфтани имиҷи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Сиёсати санҷидашуда, созанда, инчунин, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба ҳалли мушкилоти обу экология, ки дар заминаи сиёсати “дарҳои кушода” сурат гирифтанд, имкон фароҳам овард, ки ҷаҳониён миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар, сулҳпарвар, бунёдкор, инсонпарвар ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, рушдкардаю устувор эътироф намоянд.
Ҳоло ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Тоҷикистони азиз, миллати тамаддунофар ва Сарвари маҳбуби давлат барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Раҳматулло КАРИМЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар”