Cарбоз симои шуҷоат, ғайрат ва ифтихори миллат мебошад. Ӯ бо либоси низомӣ на танҳо вазифаи ҳарбиро иҷро мекунад, балки масъулияти муқаддаси ҳифзи Ватан, марзу буми кишвар ва оромии мардумро бар дӯш дорад. Дар ҳама давру замон маҳз фарзандони ҷасур, ватандӯст ва бонангу номус сипари боэътимоди давлату миллат буданд. Номи сарбоз ҳамеша бо мафҳумҳои шараф, садоқат ва матонат ҳамсадо аст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба як ниҳоди муҳими давлатӣ табдил ёфтаанд. Онҳо кафили амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлол, якпорчагии марзу буми кишвар ва суботи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Ташкил ва таҳкими Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ буда, натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошад. Бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтори низомӣ пайваста такмил ёфта, иқтидори мудофиавӣ марҳила ба марҳила тақвият меёбад.
Имрӯз бунёди қисмҳои нави ҳарбӣ, таъмиру таҷдиди инфрасохтори низомӣ, таъмин бо техника ва таҷҳизоти муосир, беҳтар гардидани шароити хизмат ва зиндагии сарбозону афсарон далели таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди соҳаи мудофиа мебошад. Машқҳои муштараки ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва касбии хизматчиёни ҳарбӣ барои ҷавобгӯ будан ба талаботи замони муосир равона гардидааст.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавон мактаби воқеии мардонагӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ ба шумор меравад. Дар ин мактаб ҷавонон дар рӯҳияи интизом, масъулиятшиносӣ, эҳтироми қонун, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва дӯст доштани Ватан тарбия меёбанд. Муҳити ҳарбӣ иродаи онҳоро қавӣ гардонда, сабру таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳисси бародариро тақвият мебахшад. Ҷавон дар хизмати ҳарбӣ арзиши сулҳу оромӣ ва амнияти давлатро амиқтар дарк мекунад.
Дар шароити ҷаҳони пуртазод ва босуръат тағйирёбанда, ки хатару таҳдидҳои нави амниятӣ зуҳур менамоянд, нақши сарбоз боз ҳам бештар мегардад. Посбонии марзҳо, мубориза бо таҳдидҳои муосир, иштироки фаъол дар машқҳои ҳарбӣ ва омодагии доимӣ ба иҷрои вазифа ҳама масъулияти баланд, иродаи қавӣ ва садоқати бепоёнро талаб мекунад. Сарбоз бо ҳушёрӣ ва фидокорӣ шабу рӯз дар хизмати Ватан меистад.
Сарбоз рамзи ҷасорат аст, зеро аз душвориҳо ҳарос надорад. Ӯ рамзи матонат аст, зеро дар баробари мушкилот устувор мемонад. Ҳамзамон, рамзи садоқат аст, зеро ба савганди ҳарбӣ вафо мекунад. Ӯ рамзи шараф аст, зеро номуси давлат ва миллатро ҳифз менамояд. Қадршиносӣ ва эҳтиром нисбат ба сарбоз, ин эҳтиром ба амният, истиқлол ва ояндаи давлат аст. Дастгирии маънавии ҷомеа рӯҳияи хизматчиёни ҳарбиро боз ҳам боло мебардорад. Зеро сарбоз бояд эҳсос намояд, ки пушти ӯ миллат меистад.
Бо чунин фарзонафарзандони далеру шуҷоъ Ватани азизамон ҳамеша ободу ором хоҳад монд. То замоне ки сарбозон бо рӯҳи баланди ватандӯстӣ ва ҳисси масъулият дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, сулҳу субот пойдор ва фардои миллат дурахшон боқӣ мемонад.
Толибҷон БУХОРИЗОДА,
директори Парки технологии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ