Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорист, ки амният, субот ва ҳифзи истиқлолияти кишварро таъмин менамояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ марҳилаҳои ҳассоси таърихиро паси сар намуд, таъсис ва таҳкими артиши миллӣ аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ касб кард.Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 сурат гирифта, ин рӯз ҳамасола ҳамчун Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Аз ҳамон давра то имрӯз Артиши миллӣ ба як сохтори муназзаму пуриқтидор табдил ёфта, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини оромиву субот нақши калидӣ мебозад. Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъмати миллат аст. Ҳифзи он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро талаб мекунад. Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимод, сарҳадҳои давлатро муҳофизат намуда, аз амнияти шаҳрвандон ҳимоя мекунад. Маҳз бо талошу ҷоннисориҳои афсарону сарбозон сулҳу субот дар кишвар пойдор нигоҳ дошта мешавад.Дар ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, амнияти кишварҳоро зери хатар мегузоранд, омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бо такмили доимии сатҳи касбият, таҷдиди техникаву таҷҳизот ва омӯзиши муосир, Артиши миллӣ қобилияти дифоии худро мунтазам таҳким мебахшад. Артиши миллӣ на танҳо неруи дифоӣ, балки мактаби шуҷоат ва мардонагист. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Сарбозон дар муҳити ҳарбӣ рӯҳияи ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба Ватанро дар худ ташаккул медиҳанд.Ғамхорӣ нисбат ба шароити хизмат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сарбозон ва таҳкими рӯҳияи миллӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа ба ҳисоб меравад. Артиши миллӣ воқеан сипари боэътимоди давлат ва миллат аст. Он кафили ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва амнияти ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба хизматчиёни ҳарбӣ эҳтиром гузошта, дар таҳкими амнияти миллӣ саҳми худро гузорад. Зеро танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ метавон давлати соҳибистиқлолро ҳифз ва рушд дод.
Артиши миллӣ на танҳо қувваи ҳифзи марзу буми кишвар,балки мактаби бузурги ҷасорат,матонат,худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан маҳсуб ёфта,хизмат дар сафи он мояи ифтихори ҳар як ҷавонмарди бонангу номус гардидааст,зеро ин хизмат рисолати муқаддас ҳифзи сулҳ,оромӣ, ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро идофа мекунад.Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо дигар ниҳодҳои қудратӣ ҳамкории судманд дошта,барои пешгирии таҳдиду хатарҳои замони муосир,аз ҷумла терроризм,ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ,омода ва ҳушёранд,ки ин худ далели болоравии иқтидори мудофиавии кишвар мебошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург дорад. Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
НАИМОВ ДАВЛАТШО ЗАРОБИДИНОВИЧ
ОМӮЗГОРИ “КОЛЛЕҶИ ТИББӢ- ИҶТИМОИИ” ШАҲРИ БОХТАР