Бо дастури фарзонафарзанди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфаи ҳомии тоҷикони ҷаҳон ворид шудани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фардавсиро дар оғози соли нави милодӣ ба хонадони мардуми кишвар фоли нек ҳисобидан равост.
Ин аввалин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуда, чанд сол пеш низ ба хонадони ҳамаи мардуми кишвар шоҳасари арзишманди академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро низ эҳдо намуда буданд, ки ҳамчун дастур баҳри худогоҳиву худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштагони бузургу соҳибфарҳангамон хизмат карда истодааст.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки мо тоҷикон имрўз соҳибдавлат буда, роҳбари мушфиқу Ғамхоре дорем, ки дар ҷаҳони сиёсат назир надорад. Хусусан таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа маориф ва илм хеле назаррас аст. Имрўз вақти он аст, ки ҳар яки мо баҳри пешрафти ҷомеа дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари оқилу хирадмандамон амал намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат барои амали гаштани онҳо камари ҳиммат бандем. Замоне, ки Ҳаким Абулқосими Фардавсӣ «Шоҳнома»-и безаволи худро ба шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ пешкаш намуда, ба ҷои подош беҳурмативу носипосӣ дида буд, ҳеҷ гумон надошт, ки рўзе ин асар ва шахсияти ўро Пешвое ин гуна арҷгузорӣ менамояд. Агар имрўз Фирдавсӣ зинда мебуд, шояд ў метавонист кору пайкори Сарвари тоҷикони ҷаҳонро ба дараҷаи олӣ ба қалам диҳад ва чандин “Шоҳнома”-ҳои дигарро аз ҳаёту пешрафти кишвар ва Пешвои муаззами миллат таҳия созад. Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз “Шоҳнома” аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба халқ эҳдо гардид на китоби дигар?
Ба фикри банда ғояи асосии ин шоҳасар пеш аз ҳама ватандўстӣ буда, ҳимояи марзу буми меҳан дар он ҳамеша дар маркази диққат аст ва Пешвои муаззами миллат, ки худ ватандўсти содиқу ҳомиву пуштибони тоҷикони ҷаҳон мебошанд, ин масъала ҳамеша дар гуфтору рафторашон ҳувайдост; дуюм: дар он таърих, тамаддун ва ҳудуду марзи кишварҳои форсизабон инъикос ёфтааст; сеюм:дар он хеле кам вожаҳои иқтибосӣ ба назар мерасанд ва вожаҳои форсӣ (хусусан аз замонҳои қадим то даврони шоир) хеле фаровон истифода гардидаанд; чорум: вазни“Шоҳнома” хеле равон аст ва барои ҳифз кардан хеле мувофиқ аст. Имрўз, ки насли ҷавон бештар ба китобҳои электрониву бозиҳои компютерӣ майл доранд, вақти онаст, ки барои пурра намудани зеҳни наслҳои ояндасози кишвар ва бой намудани захираи луғавии онҳо ҳифз намудани пораҳо аз “Шоҳнома” – ро тавсия диҳем ва дар ин ҷабҳа худ низпешоҳанг бошем.
Тайи солҳои охир дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд озмуни“Шоҳномахонӣ” баргузор мегардад ва мо ин масъаларо то ҳадди имкон дуруст ба роҳмондаем. Дар оянда кӯшиш менамоем, ки теъдоди иштирокчиёни озмунро зиёдтар намуда, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани он заҳмат кашем.
Сари таъзим фуруд меорам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳони сипосу дуруд ба волидони шарифашон, ки баҳри наҷоти миллат чунин фарзонафарзандро тарбия намуданд ва ояндаи кишварро равшан намуданд ва сипоси фаровон барои чунин туҳфаи пурқимат.
омўзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд