Паёми соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодакунандаи муваффақиятҳои чашмгири давлату миллат буда, самтҳои стратегии рушди пойдору устувори кишвари азизамонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд.
Дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ масъалаҳои калидӣ оид ба мустаҳкам гардонидани пояҳои илмӣ, инкишофи технологияҳои муосир ва навоварона, раванди рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷомеа, инчунин, баланд бардоштани дараҷаи самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ба таври возеҳ ва муфассал баён гардидаанд.
Паём на танҳо ҳамчун ҳуҷҷати таҳлилии натиҷаҳои рушди имрӯзаи кишвар баромад мекунад, балки дар он самтҳои приоритетии тараққиёти илмӣ ва технологӣ барои давраи минбаъда низ мушаххас карда шудаанд. Ин санад роҳбари амалии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар роҳи ноил гардидан ба рушди устувор, муҳофизати муҳити зист ва баланд бардоштани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар самти сиёсати хориҷӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ, ба ҳалли конструктивии масъалаҳои марзиву сарҳадӣ, мустаҳкам намудани алоқаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони минтақавӣ, аз қабили Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, диққати махсус зоҳир карда шудааст. Ин муносибатҳои мустаҳкамшаванда барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ва технологӣ заминаи боэътимоду устувор фароҳам меоварад ва имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро васеъ мегардонад. Иштироки фаъолу созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳо ва муколамаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин, воридшавии ёдгории мероси фарҳангию таърихии Хуттали қадим ба Феҳристи расмии мероси ҷаҳонии Ташкилоти ЮНЕСКО нишонаи равшани боло рафтани обрӯ ва нуфузи байналмилалии мамлакат ва арҷгузории халқҳои ҷаҳон ба мероси бебаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии миллати тоҷик мебошад.
Ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми декабр, Пешвои миллат эълон намуданд, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва давраи солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера» эълон гардидаанд. Дар робита ба ин таҷлили муҳим, Сарвари давлат ҳамаи сохторҳо ва идораҳои дахлдорро ба густариш ва тавсеаи фаъолияти илмию амалии худ дар ин масири муҳим ва муаррифии дастовардҳову натиҷаҳои кишвар дар сатҳи байналмилалӣ даъват ва ҳидоят намуданд.
Дар бахши рушди илм ва технология, ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, модернизатсия ва навсозии инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои кишоварзӣ ва инкишофи соҳаи хизматрасонӣ, инчунин, татбиқи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идора ва иқтисодиёт нишондиҳандаи самаранокии сиёсати илмӣ ва стратегияи пурсуръати саноатикунонии кишвар маҳсуб мешавад. Ҷорӣ намудани низоми пешрафтаи рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика натиҷаи бисёр муҳим дошт - талафоти неруи барқро аз 15,1 фоиз ба 5,1 фоиз коҳиш дод ва воридшавии маблағ ба низоми энергетикии кишвар тақрибан 1,5 миллиард сомониро таъмин намуд. Омӯзиши муфассали талаботи бозори меҳнат барои мутахассисони соҳаи иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани низомҳои рақамӣ дар идораи молияи давлатӣ нишондиҳандаи татбиқи тадбирҳои танзимии илмӣ ва технологӣ дар идораи давлатӣ мебошад.
Дар соҳаи саноат ва энергетика таъсиси 2,600 корхонаи нави саноатӣ бо фароҳам овардани 87,000 ҷойи нави корӣ, афзоиши назаррасии истеҳсоли маҳсулоти маъдан ва истеҳсоли неруи барқ, давом ёфтани сохтмони неругоҳи обии Роғун ва таъсиси ду неругоҳи офтобии заррафият нишондиҳандаи татбиқи муваффақи стратегияҳои илмӣ-технологӣ ва сармоягузориҳои калон дар ин самт мебошад.
Дар соҳаи фарҳанг ва нигоҳдории мероси таърихии миллӣ бунёди 150 иншооти нав сохта шуда, 350 иншоот таҷдид ва бозсозӣ гардид. Нашри 900 номгӯй китобу адабиёт ва тақдими ройгон ба мардум, эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Даҳсолаи илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034 далели раднопазиру равшани таваҷҷуҳи бебаҳои Президенти муҳтарам Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои мазкур ва нигоҳдории мероси миллӣ мебошад.
Соҳаи тандурустӣ ва сиёсати иҷтимоӣ бо таваҷҷуҳи махсус инкишоф ёфт - 1,300 иншооти тиббӣ ва иҷтимоӣ бо маблағгузории зиёда аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта шуда, маоши коргарон ва нафақаи нафақахӯрон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ҳадафи асосӣ беҳбудии сатҳи зиндагии ҳамаи қабатҳои аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаву мусоид барои гурӯҳҳои осебпазир ва заъифи ҷомеа мебошад.
Мусаллам ва равшан аст, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои фарҳангӣ, тамаддунофарӣ ва пешрави дунё ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору фахри мост, ки ниёгони некном ва гузаштагони бузургвори мо ориёҳо, ба ҷаҳониён ва тамоми башарият забону хату фарҳанг, илму маърифат, ҳунару бадоеъ, ойину суннатҳои башардӯстона ва инсонпарвар, аз ҷумла иди муборакбоди Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафта ва таҷрибаи бойи давлатдориро мерос гузоштаанд ва ба амонат супурдаанд. Мо, насли имрӯзаи тоҷикон, вазифадорем, ки ин мероси бузургу бебаҳо ва оламшумулро бо диққати тамом омӯзем, идома диҳем, такмил бахшем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи беназири ҳувиятсоз ва сарчашмаи фахр ба мерос гузорем. Ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Наврӯз, ки дар замони муосир мақому мавқеи байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, ҳамчунин ҷашнҳои бостонии Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгар ва намоёнгари андешаҳои баланди инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, бузургдошти табиату олам ва ҳармонияи инсон бо муҳити зист мебошанд, асоси ҳувияти миллӣ, асолати тамаддунӣ ва ризаи фарҳангии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд. Ин ҷашнҳо рамзи пайвастагии мо ба решаҳои таърихӣ ва ифтихори миллӣ ҳастанд.
Дар Паёми имсола тамоми дастоварду пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар бахши маориф ва илм, буҷети соҳаи маориф ба 14 миллиард сомонӣ расида, афзоиши 25,4 фисадро нишон дод. Омодагӣ барои таҳсили 4 миллион хонанда дар 25 соли оянда таъмин гардидааст. Густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ, гузариш ба низоми муосири дувоздаҳсолаи таълим ва фаъолияти Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илмҳои муҳити зист ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар тадқиқотҳои илмӣ мусоидати калон менамояд.
Инчунин, 17-уми декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» имзо карданд. Ҳадаф аз қабули ин қонун баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо мебошад.
Омӯзгор будан яке аз касбҳои пуршарафу арҷманд дар ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Омӯзгор на танҳо донишу маълумот медиҳад, балки созандаи ояндаи кишвар, тарбиякунандаи насли навраси ватанпарвар ва шахсияти камолёфтаи ҷомеа мебошад. Дар шароити имрӯза, ки ҳукумати мамлакати мо барои инкишофи маорифу илм дастгириҳои ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи махсус нишон медиҳад, вазифаи аслии мо омӯзгорон он аст, ки суханону қарорҳои Президенти азизамонро дар амал пиёда намоем. Ин дастгириҳо, ки дар шакли беҳтар гардонидани шароити меҳнати омӯзгорон, боло бардоштани музди меҳнат, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо воситаҳои замонавӣ ва дигар чораҳои дастгирикунанда амалӣ мешаванд, барои мо масъулияти бештар ба вуҷуд меоранд.
Моро лозим меояд, ки чунин корҳоро ба анҷом расонем: таълими босифат ва мутобиқ ба талаботи замони муосирро ба хонандагон пешниҳод намоем, барои парвариши насли наврас, ки дорои дониши амиқ, ахлоқи баланд ва ҳиссиёти ватандӯстӣ бошад, ҳамаи кӯшишҳои худро ба харҷ диҳем, барои тарбияи кадрҳои пурихтисос ва мутахассисони соҳибкасби кишвар, ки дар ояндаи наздик роҳбарони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоӣ мегарданд, саҳми арзишманди худро гузорем, донишу таҷрибаи худро мунтазам такмил дода, бо усулҳои навини таълим шинос шавем.
Танҳо тавассути меҳнати пурсамару содиқонаи мо, омӯзгорони фидокор, имконпазир аст, ки ояндаи дурахшони мамлакати азизамон бунёд карда шавад ва армонҳои роҳбарияти давлат ба воқеият табдил ёбанд.
Дар маҷмӯъ, Паёми арҷманди Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди махсус ёдовар мегардад, ки аҷдодони хирадманд ва донишманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро на танҳо ҳамчун арзиши олии инсондӯстона ва ахлоқии миллӣ эътироф намудаанд, балки онро ҳамчун шиори асосӣ ва роҳнамои амалии ҳаёт ва зиндагии хеш қарор додаанд. Ин принсипҳои бунёдӣ то ба имрӯз асоси ахлоқиёти миллӣ ва маънавии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд. Паёми сарфарози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти мамлакат на танҳо дастовардҳои назаррасу муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати миллиро ба таври мушаххас, шаффоф ва арзёбӣшуда, нишон медиҳад ва таҳлил мекунад, балки он ҳадафҳои стратегии илмӣ-танзимӣ, масъалаҳои рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, иттилоотӣ ва инноватсионӣ, тақвияти заминаҳои илмӣ-техникӣ, ҳамчунин эҳёи бойгардонӣ ва ҳифзи мероси арзишманди фарҳангӣ, маънавӣ ва тамаддуни гузаштаи дурахшони миллати тоҷикро низ ҳамчун самтҳои аввалиндараҷа дар назар дорад ва барои ба воқеият табдил додани онҳо роҳҳои амалӣ пешниҳод менамояд.
Гулчеҳра ИСМОИЛОВА,
омӯзгори кафедраи забонҳои
Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор