eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Home
More
Committee on Primary and Secondary Vocational Education under the Government of the Republic of Tajikistan
News
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5 January 2026
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). Вазорати…
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2026 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 870 000 (нуҳ миллиону ҳаштсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
1 январи соли 2026
№АП-950
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
Ministry of Education and Science of the Republic of Tajikistan
Ministry of Labour, Migration and Employment of the Population of the Republic of Tajikistan