10 июли соли 2025 вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Роҳбари нави шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Комиссияи Аврупо хонум Шарлот Адриен баргузор гардид.
Нуриддинзода А. Н. Шарлот Адриенро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Аврупо, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо рӯ ба тавсеа буда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Global Gateway, густариши ҳамкориҳо дар самтҳои энергетикаи сабз, нақлиёт, рақамикунонӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин ҷараёни Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта (СШҲТ)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар партави натиҷаҳои сафари Комиссари Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷозеф Сикела ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саммити якуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ба тавсеаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ бахшида, заминаи ҷалби маблағгузории грантӣ ва қарзии навро фароҳам оварданд.
Дар робита ба ин, Нуриддинзода А. Н. дастгирии минбаъдаи Комиссияи Аврупоро ҷиҳати ҷалби манбаъҳои маблағгузорӣ ва дастгирии техникию молиявӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғунро дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway муҳим арзёбӣ намуд.
Дар посух ба пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, хонум Шарлот Адриен омодагии худро ҷиҳати баррасии роҳҳои дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар самти энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт ва обу иқлим баён намуда, аҳамияти таҳкими заминаи шартномавӣ тавассути СШҲТ ва истифодаи васеи имкониятҳои ташаббуси Global Gateway-ро таъкид намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва идомаи муколамаи сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.