Ja'farzoda Sabzali Fayzali
Director of the National Testing Center under the President of the Republic of Tajikistan
Director of the National Testing Center under the President of the Republic of Tajikistan
Deputy director of the national testing center under the president of the republic of tajikistan
First deputy director of the national testing center under the president of the republic of tajikistan
Раёсати технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли вазифаҳои марбут ба баланд бардоштани амалиётнокӣ ва самаранокӣ дар фаъолияти Марказ тавассути татбиқи васеи воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (минбаъд – ТИК), аз ҷумла, автоматикунонии ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти Марказ, таҳия ва татбиқи таъминоти барномавии ҷадид ва таҷдиду такмили таъминоти барномавии мавриди истифода қарордошта, ҳамраҳӣ кардани ҳамаи марҳалаҳои низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (минбаъд – ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаҳои технологияи муосир, аз қабили таҳия, таҷдид ва таъмини кори фаъоли пойгоҳи ягонаи додаҳои Марказ, такмил ва татбиқи системаи иттилоотии “Довталаб” дар ҳамаи марҳалаҳои низоми ИМД (аз марҳалаи бақайдгирии довталабон то тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи шаклҳои гуногуни ҳисоботи оморӣ ва ғайра), дастгирии техникӣ ва таъмини кори босуботи шабакаи компютерӣ, сомонаи расмӣ, дастрасгардонии иттилоот ва робитаи Марказ бо ҷомеа, хизматрасониҳои гуногун дар заминаи технологияҳои Web, ба мисли кабинетҳои инфиродии довталабон, “Худро бисанҷ”, пешномнависӣ, SMS-паёмакҳо ва ғайра, масъул мебошад.