ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ БИОТЕХНОЛОГИЯИ ЧОРВОИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзномаи Шурои олимон
1. Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бармеояд.
2. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори Маҷлиси умумии солонаи АИКТ
3. Масъалаҳои ҷорӣ.
13 феврали соли 2026 дар толори Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои АИКТ вобаста ба омӯзиши нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, ҷамъомад баргузор гардид. Дар кори ҷамъомад роҳбарият ва ҳайати шурои олимон ширкат намуданд.
Бобокалонов Иброҳим Изатуллоевич – директори Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои АИКТ, зимни суханронии худ ҷанбаҳои Паёмро шарҳ дода, таъмини иҷроиши дастуру супоришҳоеро, ки аз Паём бармеоянд, вазифаи муҳим ва пурмасъулияти ҳар як корманд арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, дар рафти ҷамъомад директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ Давлатов Хуршед Қаҳорович ва кормандони Марказ оид ба паҳлӯҳои дигари Паёми навбатии Президенти кишвар андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар охир ҷиҳати амалисозии вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ зикр гардиданд, масъалагузорӣ карда шуд.
Оид ба дуюм масъала раиси Шурои олимон Бобокалонов И.И., баромад намуда, иброз намуд, ки чи супоришҳое, ки дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори Маҷлиси умумии солонаи АИКТ бармеояд, мо бояд сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоем. Дар охир Нақшаи чорабиниҳое, ки вобаста ба қарори Маҷлиси умумии солонаи АИКТ, Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво тартиб дода буд аз ҷониби ҳайати Шурои олимон тасдиқ карда шуд.