Санаи 25.06.2026 дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба пешгирии савдои одамон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухорзода Беҳрӯз иштирок намуда, оид…
Санаи 25.06.2026 дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба пешгирии савдои одамон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухорзода Беҳрӯз иштирок намуда, оид ба роҳҳои пешгирии савдои одамон, мубориза бо ин ҷинояти фаромиллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маъруза намуд.
Зимни суханронии худ Бухорзода Беҳрӯз аз нақши муҳими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии савдои одамон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва динӣ, инчунин ҳамкории зичи Кумита бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ин ҷинояти вазнин аҳаммияти хос доранд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа метавон ба пешгирии самараноки савдои одамон ноил гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкориҳои байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.