Рӯзи 30-юми апрел Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Сенати иёлати Ютаи ИМА ҷаноби Стюарт Адамс ва ҳайати воломақоми давлатӣ ва соҳибкорони штати мазкур мулоқот кард. Дар рафти…
Рӯзи 30-юми апрел Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Сенати иёлати Ютаи ИМА ҷаноби Стюарт Адамс ва ҳайати воломақоми давлатӣ ва соҳибкорони штати мазкур мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ доир ба вазъи таъмини ҳуқуқ ва озодии виҷдон, эътиқоди динӣ, рушди таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеа, амалисозии барномаҳои хайриявӣ дар бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатӣ муколама анҷом дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти озодонаи иттиҳодияҳои динии исломӣ ва ғайриисломӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, айни замон дар кишвар 66 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ озодона фаъолият намуда истодаанд.