Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, ки дар фазои идона доир гардид, роҳбарият ва кормандони…
Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, ки дар фазои идона доир гардид, роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ роҳбарияти Кумита ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, доир ба решаҳои амиқи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва аҳамияти ин ҷашни бостонӣ дар таҳкими ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон, сармутахассиси Кумита, номзади илмҳои филологӣ Муслиҳиддин Хоҷамирзода дар мавзуи «Зарурати ҳифзи Наврӯз ва анъанаҳои наврӯзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» суханронӣ намуда, ба масъалаҳои нигоҳдорӣ ва рушди суннатҳои миллӣ, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ ва нақши Наврӯз дар муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб кард.
Дар анҷоми чорабинӣ вобаста ба таърихи пайдоиш ва рушди Наврӯз, аҳамияти он дар таҳкими худшиносии миллӣ, инчунин зарурати тақвият бахшидани суннату анъанаҳои наврӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.