Тибқи нақшаи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чорабинӣ…
Тибқи нақшаи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чорабинӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Салим Давлатзода, муовини раиси Кумита таъкид кард, ки Паёми Сарвари давлат бояд дар давоми сол ба таври пайваста аз ҷониби тамоми ниҳоду мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, аз он ҳамчун дастури раҳнамо истифода бурда шавад.
Намояндаи Прокуратураи генералӣ Юсуф Юсуфзода зимни суханронии муфассал аз ҷумла бо ишора ба нуктаҳои муҳимме, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардиданд, иброз дошт, ки ҳар як корманди давлатӣ бояд бо фаъолияти софдилонаву содиқона барои иҷрои супоришҳои дар Паём зикргардида кӯшишу талош намояд.