БО МАҚСАДИ АМАЛИСОЗИИ “БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КУМИТАИ ДИН ВА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ: «СУХАНЕ, КИ ҲАЁТРО ҲИФЗ МЕКУНАД» ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД.
Оғози озмун: 1-уми апрели соли 2026
Ҷамъбасти озмун: 1-уми июли соли 2026
Аудиторияи мақсаднок: ходимони дин.
Ғояи озмун:
Ходимони дин муроҷиатҳои видеоии кӯтоҳ (то 60 сония) омода мекунанд, ки дар онҳо масъалаҳои зеринро шарҳ медиҳанд:
• аҳаммияти пешгирии ВИЧ (БПНМ),
• нораво будани тамғагузорӣ (стигма) ва табъиз нисбати одамони бо ВИЧ зиндагикунанда,
• зарурати муносибати эҳтиромона ва дилсӯзона ба ҳар як инсон.
Барои иштирок дар озмун бояд ҳадди ақалл 3 видеоролики кӯтоҳ (то 60 сония) дар мавзуъҳои зерин наворбардорӣ карда шавад:
Мавзуъҳои калидӣ (иштирокчӣ ҳадди ақалл 3 мавзуъро интихоб мекунад):
«Раҳму шафқат болотар аз маҳкумкунист»
«Ҳифзи ҳаёт — вазифаи ҳар як инсон»
«ВИЧ тавассути муоширати оддӣ намегузарад»
«Ҳар як инсон сазовори эҳтиром аст»
Шартҳои иштирок:
Арзёбӣ ва мукофотҳо
Корҳо аз ҷониби комиссияи озмун дар асоси меъёрҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд:
- риояи ҳадафҳои озмун;
- дурустӣ ва эътимоднокии иттилоот;
- риояи принсипҳои эҳтиром ва роҳ надодан ба табъиз;
- возеҳият ва боварибахш будани хабар;
- таъсири иҷтимоӣ ва ҷалби шунавандагон.
Ғолибон барои ҷойҳои 1, 2 ва 3 ҷоизаҳои пулӣ хоҳанд гирифт. Ҳамаи иштирокчиён бо сертификатҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.