Коррупсия дар замони муосир дар тамоми кишварҳои рӯ ба рушд яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи тавсеаи иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими сохтори давлатӣ ба ҳисоб рафта, мардуми тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст. Зеро зуҳуроти номатлуб ҳамчунин эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои ҳукуматиро коҳиш дода, адолати иҷтимоиро халалдор месозад. Имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз фасоди молӣ эмин бошад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун яке аз кишварҳои пешгом дар самти мубориза бо коррупсия ва фасод эътироф шудааст. То имрӯз дар мамлакати мо барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб чандин қарору қонун ва стратегияву барномаҳо қабул гашта, заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсияро мукаммал гардидааст. Ҳамчунин ҳанӯз ҳаждаҳ сол қабл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди махсуси давлатӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар амри пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар кишвар нақши марказӣ ва муассир дорад.
Аммо агарчи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ давра ба давра иқдомҳои зиёде амалӣ гардида, дар натиҷаи ин ташаббусҳо сатҳи коррупсия дар мамлакат ба маротиб кам шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз ҳам ришвадиҳиву ришваситонӣ дар ҷомеаи мо низ пурра аз байн нарафтааст.
Истилоҳи коррупсия аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънии шикастан ва ё пора доданро дорад. Бояд гуфт, ки коррупсия дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад — ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ, истифодаи мансаб ба манфиати шахсӣ, шиносбозӣ дар қабули қарорҳо, тақаллуб дар хариди давлатӣ, чашмпӯшӣ аз қонуншиканӣ ба ивази манфифат ва ғайра.
Коршиносону таҳлилгарон сабабҳои паҳншавии кирдори коррупсиониро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Аммо ҳамаи онҳо таъкид менамоянд, ки яке аз омилҳои асосии паҳншавии коррупсия нофаъолии аҳли ҷомеа мебошад. Яъне, шаҳрвандон ба таври бояду шояд бо фасоди молӣ мубориза намебаранд ва баракс дар баъзе мавридҳо ба рушди ин гуна аъмоли номатлуб муосидат менамоянд. Илова бар ин, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва андешаи “бе ришва кор намешавад” низ ба решадор гардидани коррупсия замина фароҳам меорад.
Яъне, бар дӯши давлат ва мақомоти ваколатдори расмӣ гузоштани тамоми масъулият дар мубориза бо коррупсия андешаи носолим аст. Зеро таҷрибаи мубориза бо ин зуҳурот дар баъзе кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки то вақте аҳли ҷомеа бо масъулиятшиносӣ вориди майдон нашаванд, ягон ислоҳот натиҷаи ҷиддӣ нахоҳад дод. Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд:
«Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Бисёриҳо дар амалҳои коорупсионӣ танҳо як тараф – шахси порагирро мебинанду ӯро гунаҳкор медонанд, ки дар асл ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин тавр нест. Дар амалҳои коррупсионӣ ҷурми ҳарду тараф – ҳам порагир ва ҳам порадеҳ қариб, ки баробар аст. Зеро агар яке аз тарафҳо ба қонун пойбанд будани худро нишон диҳад, ҳеҷ гоҳ кирдори коррупсионӣ анҷом намеёбад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳеҷ гоҳ иштирокдори амалҳои коррупсионӣ набошанд.
Баъзе аз ҳуқуқшиносон таъкид менамоянд, ки пешгирии коррупсия аз огоҳии шаҳрванд оғоз меёбад. Чунин огоҳӣ бояд на фақат дар бораи муҳтавои қонунҳо, балки аз нуқтаи назари ахлоқиву шаҳрвандӣ низ комил бошад. Шахси дорои шуури қавии шаҳрвандӣ ба худ иҷозат намедиҳад, ки “барои тезтар ҳал шудани кор” пора пешниҳод кунад. Зеро мефаҳмад, ки ин амалаш на танҳо қонуншиканӣ, балки заиф гардонидани низоми давлатдорӣ ва як амали нангин мебошад. Вақте ҳар як шаҳрванд дарк мекунад, ки дар назди давлат ва ҷомеа масъул аст, дигар дар ҷамъият барои фасод ҷой боқӣ намемонад.Ба тарзи дигар гӯем, агар шаҳрвандон худ пора пешниҳод накунанд, коррупсионерҳо аз кӣ пора мегиранд? Дар ҳолати худи шахси мансабдор пора талаб кардан ҳам, агар шаҳрванд ба ҷои пешниҳоди маблағ ё истифодаи ягон воситаи дигар таклифи шахси порагирро рад карда, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад, кор нуран ало нур мешавад. Яъне ҳам худ ҷиноят содир намекунаду даст ба кори хато намезанад, ҳам дигарон ва дар умум ҷомеаро аз хавфи бархурд бо як инсони ҷинояткор дур месозад.
Махсусан қишри фаъол ва таъсиргузори ҷомеа бояд дар ин амр дар сафи аввали мубориза бошанд.
Рӯзноманигорон вазифадоранд, ки бо нашри матолиби иттилоотиву таҳлилӣ аҳли ҷомеаро аз оқибатҳои нохуби паҳншавии ришвадиҳиву ришваситонӣ огоҳ намоянд. Расонаҳо метавонанд дар доираи имконоти мавҷуда масъалаҳои марбут ба коррупсияро мавриди баррасиву омӯзиш қарор дода, ҳамчунин оқибати кори ришвахорон – дастгир гардидану ба кунҷи зиндон афтидан ва сарафкандаву шармсории ин тоифаро ба ҳамагон нишон диҳанд. Аммо аз ҳама муҳим, бояд аҳли қалам бо нашри матолиби маърифатӣ роҳҳои муқобала бо ин зуҳуроти номатлубро ба мардум фаҳмонанд.
Ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандӣ, яъне созмонҳо ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои ташаббускор метавонанд бо ташкили семинару тренингҳо ва барномаҳои таблиғотӣ ва таҳияи гузоришҳо дар пешгирии коррупсия нақши муҳим бозанд.
Мактаб ва оила — ду зерсохтори асосии ташаккули ахлоқи шаҳрвандӣ низ бояд дар ин раванд бетафовут набошанд. Агар наврас дар хона бубинад, ки падар бо “шарофати пул” мушкилашро осон мекунад, ё омӯзгор аз хонанда “пардохти ихтиёрӣ” талаб менамояд, аллакай дар зеҳни ӯ ин ақида роҳ меёбад, ки пул аз қонун боло аст. Баъдан аз чунин наврас, вақте ба воя мерасад, даст задан ба ҳар гуна ҷиноятро интизор шудан мумкин аст. Зеро вай бовар намудааст, ки бо пул ҳама ҷиноятро рӯйпӯш крада мешавад. Ӯ дигар хондан намехоҳад, зеро ин бовар дар зеҳнаш шакл гирифта, ки агар падар ба муаллим пул диҳад, бе дониш ҳам мактабро хатм мекунад. Бе дониш ҳам соҳиби дипломи донишгоҳи олӣ мешавад ва бе донишу малака ҳам соҳиби ҷойи кори хуб мегардад. Ин гуна фарзанд дар оянда нахуст ба сари падару модари хеш ҳазорон дарду бало меорад, сипас ба ҷомеа зарари зиёд мерасонад ва дар ниҳоят нанги миллату давлат мегардад. Аз ин рӯ, беҳуда нагуфтаанд, ки “Мубориза бо коррупсия ва дигар кирдори номатлуб аз тарбия оғоз мешавад”. Падару модари дурандеш ва муаллими воқеӣ мекӯшад, ки поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳақталошӣ аз синни наврасӣ дар зеҳни фарзанд ва шогирдаш ҷой бигирад.
Ходимони дин низ дар шароити Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия бояд хеле фаъол бошанд. Зеро аксари кулли мардуми кишвари мо мусулмон ҳастанд ва руҳониён вазифадоранд фармудаҳои динро вобаста ба ҳар масъала ба гӯши мардум расонанд. Аз минбарҳои масоҷид таблиғи поквиҷдонӣ, тақво, адолат ва зиштии ҳар амали бад, аз ҷумла ришваситониву ришвадиҳӣ, масъулияти ҷониву имонии ходимони дин дар назди Худованд, давлат ва ҷомеа аст. Зеро дин аз нигоҳи ахлоқӣ метавонад дар қалби мардум нисбат ба фасод тухми нафрату бадбиниро парвариш диҳад. Дини мубини ислом ҳар молеро, ки ба василаи дуздӣ, хиёнат, фиреб, ришват, зулм, хариду фурӯши ноҷоиз ва монанди он ҳосил шавад, қатъан ҳаром медонад. Аз Абуҳурайра (р) ва Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбари Худо (с) ҳам ришвадиҳанда ва ҳам ришвагирандаро лаънат кардаанд. Дар ҳадиси дигар инчунин шахси байни ин ду миёнарав низ лаънат шудааст. Яъне, дар дини мубини ислом порадиҳӣ, порагирӣ, ва восита шудан ба ин кирдори номатлуб ҳаром дониста мешавад. Ин аслро бояд ходимони дин ба таври муассир ба тамоми мардуми кишвар бирасонанд ва онҳоро аз аъмоли номатлуби коррупсионӣ боздоранд.
Дар умум, ки агар мардум масъулияти худро дарк накунад ва дар муқобили фасод бетараф бимонад, ҳатто мукаммалтарин қонунҳо ва қавитарин мақомот наметавонанд зуҳуроти номатлуби коррупсияро ба таври пурра решакан кунанд. Коррупсияро танҳо ҷомеаи бедор ва масъулиятшинос аз байн бурда метавонад.Сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маънавиёти мардум бояд чунон ташаккул ёбад, ки одамон пора доданро на нишонаи “зӯру тавоно” будан балки ҳамчун таҳқири шахсият донанд, пора гирифтанро ҳам на “ҳунар” ва “кордонӣ” балки чун нишондиҳандаи пастии ахлоқ ва ҷинояткорӣ бифаҳманд. Барои расидан ба ин сатҳи маданият бояд ҳар як фард, махсусан, кормандони давлатӣ, омӯзгорон, рӯзноманигорон, ходимони дин ва волидон ҷиддан бо зуҳуроти номатлуби коррупсия муборизаи беамон баранд.
Абубакри Аҳмад,
мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Кумита