Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, 24 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба «Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм ва татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид» баргузор гардид.
Дар конфронс роҳбарият ва кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, олимону коршиносон, ходимони дин ва шарикони рушд ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ сухан намуданд.
Дар конфронси мазкур Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.