11 сентябри соли 2026 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи
ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо, омодасозии кадрҳо, табодули таҷриба ва истифодаи
технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумита таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон барои Тоҷикистон шарики
муҳими ҳамкорӣ ба ҳисоб рафта, густариши робитаҳо дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои
фавқулодда метавонад ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва иқтидори сохторҳои соҳавӣ мусоидат намояд.
Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаҳои рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили низоми мубодилаи фаврии маълумот ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкониятҳои роҳандозии табодули таҷриба, ташкили
барномаҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии мутахассисон, инчунин густариши робитаҳои касбӣ миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва истифодаи таҷрибаи пешқадам ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Дар мулоқот аз ҷониби Кумита инчунин муовини Раиси Кумита, генерал-майор Иброҳимзода Муҳаббат ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.