Муҳтарам Раиси Кумита!
Ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати сарфароз гардидан бо медали 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ин дастоварди арзишмандро нишонаи баланди эътироф ва қадршиносии хизматҳои шоистаи Шумо дар назди давлату миллат арзёбӣ менамояд.
Сазовор гардидан ба мукофоти давлатӣ барои ҳар як хизматчии давлатӣ шарафи бузург ва ифтихори баланд буда, аз садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ, фаъолияти содиқона ва саҳми назаррас дар пешрафти соҳа шаҳодат медиҳад.
Зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо Кумита дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва таҳкими низоми мудофиаи гражданӣ фаъолияти пайваста ва масъулиятнокро ба роҳ мондааст.
Ҳайати шахсии Кумита аз ин дастоварди Шумо самимона ифтихор намуда, бовар дорад, ки ин қадршиносии давлатӣ барои фаъолияти минбаъда, татбиқи ҳадафҳои созанда ва ноил гардидан ба дастовардҳои нави хизматӣ неруи тоза мебахшад.
Бо камоли эҳтиром ба Шумо тансиҳатии комил, умри дароз, неруи созанда, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоем.
Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, муҳтарам Раис!
Бо эҳтиром ва самимияти беандоза,
ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон