11 августи соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои кишвар, инчунин…
11 августи соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои кишвар, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии хавфҳои иқлимӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим ва афзоиши хавфи зуҳуроти табиии хатарнок аз кишварҳо тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи чораҳои муштаракро тақозо менамояд.
Дар доираи вохӯрӣ Протоколи ниятҳо оид ба ҳамкорӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии хавфҳои иқлимӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Ҳуҷҷати мазкур миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Маркази минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба имзо расид.