ХАБАРИ ФАВРӢ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ Наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро дарёфт карданд. Дарёфти ҷасад аз…
ХАБАРИ ФАВРӢ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ Наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро дарёфт карданд.
Дарёфти ҷасад аз ҷойи ҳодисаи нохуш, ки бар асари садамаи нақлиётӣ Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳи дигарон ба дарё сарозер шудааст, тақрибан 20километр поёнтар дарёфт карда шуд ва шояд ба ҳодиса марбут бошад.
Айни ҳол сохторҳои дахлдор барои муайян намудани шахсият тадбирҳо меандешанд.