Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
19-22 июн бо сабаби боридани борони бошиддат дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани сел боқӣ мемонад. Ҳамзамон дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.
Боиси таассуф аст, ки бо вуҷудии пайваста аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор ҳушдор додани сокинон аз номуоидии обу ҳаво ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, ярч, сангреза ва ғайра, баъзе аз нафарон ба бепарвоӣ роҳ дода, дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои хавф сафар мекунанд. Ин бепарвоӣ боиси рух додани ходисаҳои нохуш мегардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва дигар мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд, аз истироҳат ва чаронидани чорво дар наздикии маҷрои дарёҳо худдорӣ намуда, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ва қоидаҳои санитарӣ риоя карда шуда, чораҳои таъхирнопазири пешгирикунанда ва ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд андешида шаванд.
Дар иншоотҳои зеризаминӣ таъмини чораҳои пешгирикунанда аз садамаҳо пурзур карда шуда, чораҳои ҳифзи кормандони кӯҳӣ дар иншоотҳои зеризаминӣ таъмин карда шаванд.
Ҳангоми ба амал омадани раъду барқ чораҳои эҳтиётӣ андешида шаванд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи кумита - 112 муроҷиат намоянд. Ҳамчунин барои дарёфти огоҳиҳои фаврӣ ва иттилооти муҳим истифодаи замимаи мобилии https://khf.tj/sos/ тавсия дода мешавад.