Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе миёни ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он ва Судяи Коллегияи Суди ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Мирзозода Манучер Ҳасан ва ёрдамчии Судя…
Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе миёни ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он ва Судяи Коллегияи Суди ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Мирзозода Манучер Ҳасан ва ёрдамчии Судя капитани адлия Ҳомидзода Вайсиддин, оид ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкилу баргузор гардид.
Инчунин, вобаста ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ" ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгароӣ сӯҳбату вохўриҳо ташкил ва гузаронида шуд.