Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ, андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026, дар давоми моҳи май аз ҷониби масъулини Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Истаравшан вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар деҳаи Нофароҷи Ҷамоати деҳоти Нофароҷ ва деҳаи Сепулаи Ҷамоати деҳоти Пошкент, дар якҷоягӣ бо намояндагони ҷамоатҳои мазкур, дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Зимни вохӯриҳо қайд гардид, ки бо фарорасии мавсими гармии ҳаво оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон, табдил меёбад. Аммо надонистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя накардани талаботи бехатарӣ метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад.
Таъкид карда шуд, ки ҳодисаҳои рухдодаи солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро ба ғаму андуҳи якумра гирифтор намудаанд. Бинобар ин, дар мавсими оббозӣ ва бо фаро расидани таътили тобистонаи хонандагон зарур аст, ки волидон ҳар рӯз фарзандон, махсусан ноболиғонро зери назорат гирифта, онҳоро дар назди кӯлҳо, дарёҳо ва дигар обанборҳо танҳо нагузоранд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯриҳо аз ҷониби баромадкунандагон оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи ҳатмии талаботи қонунгузории кишвар, ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва мубориза бо ин падидаҳои номатлуб суханронӣ карда шуд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои пешгирии офатҳои табиӣ, омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода, пешгирии сӯхтор, гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ, риояи чораҳои бехатарӣ дар ҳаёти маишӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи меҳнатӣ ба иштирокчиён маълумоту тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.