Рӯзҳои 21 то 25 майи соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришоти хусусияти селӣ дошта, дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.…
- Рӯзҳои 21 то 25 майи соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришоти хусусияти селӣ дошта, дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Ҳамзамон, дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.
Манбаъ: Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон