15-уми майи соли 2026 дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, аз ҷониби гуруҳи кории Раёсат ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ муалими калон Ҳасанов Маъруфҷон Маҳмудбоевич ва беш аз 80-нафар донишҷӯёни факултетҳои “Ҳуқуқшиносӣ”, “Бизнес ва иқтисодиёти байналмиллалӣ”, “Молия ва андоз”, “Муштарак”, “Технологияҳои иноватсионӣ ва баҳисобгирии буғалтерӣ” ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ вохурӣ баргузор карда шуд. Вохуриро мудири шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ муалими калон Ҳасанов Маъруфҷон ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки баъди ба таътил баромадани донишҷуён ва оғози моҳи июни соли ҷорӣ мавсими оббозӣ фаро мерасад.
Албатта ташкили чунин вохуриҳо пеш аз мавсими оббозӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд саривақтӣ буда, барои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, масъулини Шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд, доир ба риояи қоидаҳои оббозӣ дар дарё ва обанборҳои вилоят, ҳавзҳои шиноварӣ, ба оббозӣ машғул нашудан дар маконҳои хатарнок ва ношинос, тарзи хабардоркунии наҷотдиҳандагон ҳангоми мушоҳида намудани ҳолатҳои ғарқшавӣ сухан ронда, қайд карданд, ки дар ҳама ҳолат бояд қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ риоя карда шавад.
Дар ҷараёни вохурӣ ҳамзамон аз тарафи масъулини Бахши кор бо ҷомеаи Раёсат доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохили ва хориҷӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар марҳилаи дуюм солҳои 2026-2030, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040 ва марҳилаи он дар солҳои 2026-2030, инчунин таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба самтҳои риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби экстремистию террористӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонону наврасон, худшиносиву худогоҳӣ, хизмат ба Ватан, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, омӯхтани тарзу тартиби рафтори аҳолӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва бегонапарастӣ, истифодаи самараноки телефонҳои мобилӣ маърузаи пурмуҳтаво пешниҳод карда шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба донишҷуён варақаҳои таблиғотӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд омода гардидааст, дастрас карда шуд.