Санаи 14-уми майи соли 2026 дар толори факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафӯров” аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсат ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ дотсент Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд, раисони созмони ҷавонони факултетҳо ва беш аз 200 нафар донишҷӯён ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ вохӯрии судманд доир карда шуд.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар айёми оғози машғул шудани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба оббозӣ гузаронидани вохӯрӣ бо намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд саривақтӣ буда, барои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ мусоидат менамояд.
Сипас, сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, подполковник Розиқов Шодиҷон Амирхонович доир ба риояи қоидаҳои оббозӣ дар дарё ва обанборҳои вилоят сухан ронда, қайд кард, ки ҷавонон бояд қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя намоянд. Зикр гардид, ки доир ба ин масъала аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд байни аҳолӣ ва хонандагону донишҷуён корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, мақсади асосии он пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ мебошад.
Ҳамзамон, аз тарафи масъулини Раёсат доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар марҳилаи дуюм солҳои 2026-2030, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040 ва марҳилаи он дар солҳои 2026-2030, инчунин таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба самтҳои риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби экстремистию террористӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонону наврасон, худшиносиву худогоҳӣ, хизмат ба Ватан, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, омӯхтани тарзу тартиби рафтори аҳолӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва бегонапарастӣ, истифодаи самараноки телефонҳои мобилӣ маърузаи пурмуҳтаво пешниҳод карда шуд. Баргузор намудани чунин чорабиниҳо ҷиҳати кам кардани сатҳи ғарқшавӣ дар байни аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти муҳим дорад.