Дар асоси қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 19 январи соли 2026, №44 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳия оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2026» ва амри…
Дар асоси қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 19 январи соли 2026, №44 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳия оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2026» ва амри раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 17 апрели соли 2026, №39 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи омўзгорон ва хонандагон, такмили малакаи мустақилона амал намудани онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, санаи 25 апрели соли 2026 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Баъд аз додани гузоришҳои роҳбарони синфҳо ва омўзгорони муассиса оид ба шумораи хонандагони аз бинои мактаб ба берун баромада нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании мактаб чорабиниҳои амалии худро нишон доданд, аз ҷумла: хабардор намудани ҳайати шахсии муассиса ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, гузаронидани иктишофи ҳудуди мактаб, кофтуков ва наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба зарардидагон, хомўш кардани сўхтор, муҳофизат намудани гирду атрофи бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассисаи таълимӣ, фаровардани зарардидагон аз ошёнаи 3-уми бинои муассиса бо пуррагӣ иҷро намуданд. Дар иҷрои корҳои амалӣ нерўҳои ғайриҳарбӣ дар якҷоягӣ бо дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати вилоят, хадамотҳои мудофиаи граждании ба ҷои ҳодиса ҳозиршуда, иҷро намуданд.
Баъди ба анчом расидани корҳои амалӣ чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар мисоли машқҳои ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷо ба ҷо намудани яроқи худкорӣ Калашников, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ, муҳорибаи тан ба тан, муҳорибаи каратэ-до намоиш дода шуд. Чорабиниҳои «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо гузаронидани махфилҳои фарҳангӣ аз ҷумла сурудани сурудҳои ватандустӣ, саҳначаҳо бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватани солҳои 1941-1945 ва намоиши бардоштании Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.
Дар ҷамъбасти «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ иштирокчиёни фаъол ва ғолибони озмуну викторинаҳо бо тўҳфаҳои хотиравӣ, сипоснома ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳия, шуъбаи маориф ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 сарфароз гардонида шуданд.