Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад:
Санаи 28 апрели соли ҷорӣ, бинобар ба амал омадани боришот, дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон эҳтимоли сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ пешгӯӣ мегардад.
Ҳамзамон, дар дарёҳои Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), инчунин дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз қарор гирифтан дар наздикии соҳили дарёҳо, каналҳо ва дигар мавзеъҳои хавфнок худдорӣ намоянд.