Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо роҳбарии сарпарасти соҳа, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода ҷаласаи якҷояи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва комиссияи эвакуатсионии шаҳри Гулистон гузаронида шуд.
Дар рафти ҷаласа аъзоёни комиссияҳои номбурда, раисони ҷамоату шаҳракҳо, роҳбарони сохторҳои зертобеъ, корхонаву ташкилотҳо, масъулини обутобгоҳу осоишгоҳҳо ва дигар маконҳои истироҳатие, ки дар соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” ҷойгиранд иштирок намуданд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласа масъалаҳо оид ба рух додани ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо, омодагии техникаҳои муҳандисӣ, ташкили захираҳо барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ташкил намудани навбатдории шабонарузӣ дар минтақаҳои хавфнок ва таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода қайд карда шуд, ки аъзоёни комиссияро зарур аст, ки дар асоси талаботи низомномаи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва комиссияи эвакутасионӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, барои фаъолияти пурсамар дар самти ҳолатҳои фавқулодда дар семоҳаи дуюми соли 2026 баҳри пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, вусъат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтаҳои хавфнок, суғуртакунии амволи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, захираи маводи зиддилағжиш, сузишвории дизелӣ, доруворӣ, хурока, дигар лавозимотҳо инчунин омодагии обутобгоҳҳо барои мавсими оббозӣ ва пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ саривақт чораҷӯӣ намоянд.